Дастаи “Суғд 1” ғолиби мусобиқа

 213 боздид

Имрӯз дар толори Мактаби варзишии рақами 1-и ноҳияи Ашт мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол байни наврасон ҷамъбаст карда шуд. Дар расми пӯшидашавии ин мусобиқа и.в. мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Зариф Боймуротов, раиси федератсияи волейболи вилоят Ғаниев Сарҳад иштирок доштанд.

Дар ин мусобиқа 8 дастаи волейболбозон аз ВМКБ, вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд барои ба даст овардани ҷойи ифтихорӣ байни ҳам рақобат намуданд.

Ба даври ниҳоии мусобиқаи мазкур дастаҳои “Суғд 1”, “Суғд 2”, “Регар” ва “Душанбе 1”  роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи бозиҳои ҷамъбастӣ ҷои аввал насиби ҳайати дастаи волейболбозони ноҳияи Ашт “Суғд 1”,  ҷои дуввум насиби ҳайати дастаи бозигарони ноҳияи Турсунзода “Регар” ва ҷои севвум насиби ҳайати дастаи “Суғд 2” гардид.

Дар охири мусобиқа ғолибон бо медал ва сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *