ДАСТИ ДУОИ ПИРОН

 637 боздид

Дар арафаи Соли нави милодӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома дорад.

Санаи 28 декабри соли равон низ ду нафар иштирокчиёни ҶБВ аз ҷамоати деҳоти Понғоз: Ҳоҷиматов Қӯчқор (с.т.01.06.1920) ва Азимов Исматилло (с.т.01.06.1925) аёдат карда шуданд.

Раиси ноҳия кӯмаки яквақтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин фарзандони арзандаи ноҳия тақдим намуда, барои фидокориву мардонагиашон изҳори сипосу эҳтиром намуд. Қайд кард, ҷасуриву ҷоннисорӣ ва фарзандони содиқи Ватан будани ин абармардон намудани ибрати ҷавонони имрӯз бояд бошад.

Аёдатшудагон бо шукргузорӣ аз ёдоварӣ ва дидорбинии гарму самимӣ ба Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари ноҳия арзи сипос намуданд.

Дуо карданд, Тоҷикистони биҳиштосо бо сарвари хирадмандаш ҳамеша дар амон бошад, мардумонаш ҳамеша зери осмони софу беғубор умр ба сар баранд ва Истиқлолияту озодии кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ду нафар иштирокчиёни ҶБВ аз ҷамоати деҳоти Ашт Усмонов Эргашбой ва Бобокалонов Содирҷон  низ аёдат шуда буданд.

Т.МИСРОБӢ

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.