Дави миллӣ дар ноҳияи Ашт баргузор гардид

 251 боздид

Субҳи имрӯз,12 майи соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон дар доираи як моҳи ҷавонӣ, бахшида ба истиқболи Рӯзи ҷавонон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дави миллӣ доир гардид.

Дар дави миллӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва бо ҷалби васеи сокинони ноҳия дави иштирок намуданд.

Дар он зиёда аз 3 ҳазор сокинони маркази ноҳия, аз он ҷумла, ҷавонон, наврасон фаъолона ширкат карданд.

Дави миллӣ аз назди даромадгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷараён гирифт.

Тавре Ҷамшед Насриддинов мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дод, имрӯз дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия низ дави миллӣ баргузор гардид. Дар маҷмӯъ зиёда аз 18 230 ҳазор нафар сокинони ноҳия дар дави миллӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи дави миллӣ 28 марти соли 2007 таҳти №225 ба тасвиб расида, аввалин дави миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 баргузор гардида буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.