Бо мақсади иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва аз 27 январи соли 2021, №АП-1332, қарори Раиси вилоят аз 26 марти соли 2021, №129 “Дар бораи ташкил ва баргузор намудани Озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 31 марти соли равон, дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ баргузор гардид, ки дар он кадбонуҳое, ки дар даври ноҳиявӣ ғолиб омада буданд, иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани Озмун ин тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хуришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ, ҳунари дастархонороӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонувон, занони соҳибзавқ, ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад.
Боиси сарфарозист, ки як нафар кадбонуи ноҳияи Ашт дар номинатсияи “Омода ва пешниҳоди дурусти таомҳои субҳона, чоштгоҳ, (пешин) ва шом” сазовори ҷойи сеюм гардида, аз ҷониби муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ бо дипломи дараҷаи сеюм ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.