ДИЛБУРДАВУ ДИЛДОДАИ ИСТИҚЛОЛ…

 242 боздид

Ба исми ноҳияи Ашт ҳанӯз хеле хурд будам, ки  ошно гардидам, он замоне, ки камтар исмҳои дигари ҷуғрофиро медонистам ё ба қавле айёме,ки  дар мактаб фанни ҷуғрофиё намехондам. Гоҳ- гоҳе ба хонаи ҳамсояи мо – амаки Сафар марде меҳмон мешуд чун Ҳазрати қиблагоҳам хеле марди меҳмондӯст буданд, он касро ба хона даъват мекарданд. Падарам ба мо баъдан тафсир намуданд, ки ин кас бародари амаки Сафаратон ҳастанд, аммо дар Ашти калон зиндагонӣ мекунанд. Ҳамон вақт аллакай падарам ба саволи чаро дар Ашт зиндагонӣ мекунанд, посух дода буданд, ки ҳама ҷои Тоҷикистони азиз барои мо Ватан аст, писарам. Албатта, баъд аз он достони сафари амаки Сайфулло ба ноҳияи Ашт бароям дар зери мафҳуми амри тақдир мушаххас шуд, вале шарҳи ҳикмати суханони устод Лоиқ “модар яктост, Тоҷикистон яктост”  -ро дар каломи қиблагоҳи бузург чун насиҳате барои худ аз дарси ватандорӣ шунидам будам. Баъдан, бо амри тақдир ва тақозои фаъолияти кории хонаводаи худ хоҳарам (рӯҳаш шод бод) дар шаҳраки Шайдон муддате зиндагонӣ намуд ва ман аз вуҷуди нахустмуҷассаи модар дар ин макон огаҳӣ пайдо кардам. Ҷолиб буд ин хабар, ки он ҷо ба таъбири ӯ “ҳайкали модар” аст, ки дар ҷои дигар мо надида будем. Ҳатто гоҳо иштиёқи дидори ҳамин муҷасса маро ба самти мушоҳидаи он мекашонид. Бародари бузургам, ки он айём донишҷӯи  Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) буда, аз рӯи нақлҳояшон рӯзҳои истироҳат ба дидорбинии аҳли хонаводаи хоҳарам ба Шайдон мерафтанд, ҳамеша номи ин сарзаминро чун Ашти калон ба забон меоваранд. Тасаввур мекардам, ки шояд моҳҳо лозим бошад, барои аз оғоз то ба анҷоми ин куҳандиёр сафар кардан…

Замони мактабхонии мо ҳам аҷиб буд. Бо ҳидояти қиблагоҳам нахустин навиштаҳоям вақте дар синфи панҷум таҳсил мекардам, дар маҷаллаи бачагонаи “Машъал” рӯи чоп омаданд. Вақте як мақолаи хурде дар бораи нон навиштам ва он дар яке аз шумораҳои ин маҷалла интишор ёфт, бароям хеле ҷолиб буд, ки қариб ҳар рӯз хаткашони деҳа бароям номае аз ҳамсолонам аз тамоми гушаву канори Тоҷикистони азиз, аз Бадахшону Хатлону Ҳисор номаҳое ба унвони сароғози дӯстиҳои ба таъбири он замон “ғоибона” мегирифтам. Аҷибтар аз ҳама он буд, мо дар номаҳои хеш ҳамроҳ аксҳояшонро замима мекардему аз сарзамини ҳамдигар, аз назокату ҷазаботи ин пораҳои Тоҷикистони азиз ба ҳам ҳарф мезадем. Аз он ҷумла, чанд номае аз ҳамсолонам аз Ашт, аз ҷумла аз Бахтиёру Туробҷон низ гирифтам, ки онҳо бо шавқи хосаи бачагӣ табиати ин диёрро васфу бо дидгоҳҳои софу самимонаи худ маънии луғавиашро шарҳ медоданд. Ҳатто дар номаҳои хеш аз дӯстон дар бораи сабаби Ашти калон ном гирифтани ин диёри куҳан пурсон шудаву бо андешаи бачагонаи хеш андозаи масоҳати ин сарзаминро мехостам дониста бошам. Бале, ҳамон вақт чун номаҳое бо дӯстони хеш аз саросари Тоҷикистони азиз бо ҳам ирсол мекардем, эҳсос мекардам, ки чӣ қадар мардуми тоҷик соҳиби муҳаббати бузурге ҳастанд.

Бо гузашти солҳо чун айёми таҳсил дар донишгоҳ оғоз ёфт, аз ҷумла бо яке аз ин дӯстони “ғоибона”-и хеш Бахтиёр дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳамсабақ гардидам. Замони идомаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ чандин нафар ҳамсабақони ман аз ноҳияи Ашт буданд, ки то кунун риштаи дӯстии мо побарҷост ва шарики шоду ғами ҳамдигарем.

Аммо сафари нахуст ва дидори аввалини ман ба ин гӯшае аз қаламрави Тоҷикистони куҳандиёр ва биҳиштмазҳар соли 2005 ба вуқуъ пайваст.

Бори аввал вақте соли 2005 дар айёми ширкат дар корҳои тарғиботии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба ноҳияи Ашт сафар кардам, тасаввуроти айёми мактабхонии ман дар аввалин дидор ба воқеият табдил меёфт. Бале, ҳамон замон бо пушти сар кардани як дашти бузурги миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Ашт ёди ин байти мардумӣ афтодам, ки модарам пайваста замони вуҷуди як дашти беоб дар он канори руди Зарафшон, ки ҳатто дашти он сӯи дарё ҳам унвон дошта, аз баракоти иқдомоти созандагии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз аллакай ба як боғистони мушаҷҷар ва бузург табдил ёфтааст, аз ин канори дарё ба он назар афканда замзама мекарданд:

Ин дашти дароз об надорад, чи кунам?

Ду чашми сарам хоб надорад, чӣ кунам?

Дар назари ман дар он сафари нахуст воқеан роҳ хеле тулонӣ буд ва он дашт ҳам паҳновар ва аввалин мушоҳидае, ки ба пайванди тасаввуротам бо воқеият дар мавриди Ашти калон боис шуд, аз таваҷҷӯҳ ба ҳамин дашти бузург ба миён омад. Барои ҳар нафаре, ки бори аввал сафар мекунад, албатта ин роҳ хеле тӯлонӣ менамояд ва аммо ҳар қадар бештар биравем, ин фосила ҳамоно кутоҳ мегардад. Ҳамон вақт аз аввалин фурсатҳои суҳбат бо мардум эҳсос менамудам, ки чӣ миқдор миёни ҳамдигар муҳаббат доранд, новобаста аз ин ки намояндагони миллатҳои мухталифанд. Ҳанӯз ёдам ҳаст, ки марде дар мавриди пайванди қавии дӯстиву рафоқати тоҷикону ӯзбекон сӯҳбат мекард, ки мутаассифона бар он замон бар асари баста шудани роҳҳо то ҷое бар ин риштаи сидқу ихлос халал афтод. Ӯ аз нуфузи аҳолии ба таъбири худаш “аштиҳо”-и ҳудуди ноҳияҳои Ангрен, Хуқанд ва ҳатто шаҳри Тошканд ҳарф мезад ва орзуи онро дошт, ки зудтар ин роҳҳо боз шаванд, ки зеро мо тоҷикону ӯзбекон ҳамакнун пайванди хешиву хунӣ дорем. Намедонам он мард имрӯз дар қайди ҳаёт ҳаст ё не, аммо бовар дорам, ки агар ҳоло рӯзгор ба сар мебурда бошад, чӣ миқдор аз иқдомҳои шоистаи Пешвои милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи сиёсати дарҳои боз ва ба тадриҷ тақвияти бештар касб намудани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва оғози марҳилаи нав дар робитаҳо хушҳол шуда бошад ва агар дар қайди ҳаёт набуда, рӯҳаш шод хоҳад буд.

Хулоса, албатта он рӯзгор мушкилоти зиёде ҳам буд, ки мардум дар мулоқоту сӯҳбатҳо зимнан изҳор медоштанд. Масаъалаи мушкилоти зиёд дар роҳҳо, тақсимоти замин, равнақи корҳои созандагӣ, нарасидани муассисаҳои тиббӣ, шароити номусоиди баъзе макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, набудани муассисаҳои ҷавобгӯи талаботи фарҳангӣ, камбуди китобхонаву дастрасӣ ба матбуоти даврӣ.  Ҳатто мо гуруҳи ҳамсафарон дар мавриди бархе аз номҳои ҷуғрофӣ ва номутобиқатии онҳо ба меъёрҳои забони давлатӣ ҳам гуфта будем…

Пас аз як сол боз ҳам барои ширкат дар корҳои тарғиботӣ ба ин ноҳия сафар кардам ва чун бо худам муқоиса мекардам, эҳсос мегардид, ки давоми як сол хеле корҳо иҷро шудаанд ва пешравиҳо чун дигар манотиқи мамлакат дар соли 2006 равшан ба назар мерасад. Агарчӣ давоми ин солҳо барои ҳузур дар маъракаҳои дӯстон ва ё зарурати корӣ гоҳ –гоҳе ба ин ноҳия, як пораи хоки Тоҷикистони азиз сафар мекардам, шояд фосилаи кутоҳ имконият намедод, ки пурра таассуроти хешро бо замонҳои қабл муқоиса намоям. Аммо хушбахтона ин бор як имконияти хуби дигар маро ҳамроҳ шуд, ки он ҳам ширкат дар ҳайати гурӯҳи тарғиботии Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  мебошад, ки фурсате барои ҳузур дар ин гӯшаи диёри азизи Тоҷикистон ва боздид аз пешрафтҳои назарраси он дар муқоиса ба даҳ сол қабл фароҳам омад.

Нахуст, дар назари ман он дашти нопайдоканор дигар тӯлонӣ нанамуд ва дар аввалин фурсат сабабашро худам шарҳ додам, зеро бунёди шаҳраки Сайҳун чун маҳсули ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай он марзи сабзе, ки нишонаи баромадан аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оғози дашти калон буд, хеле фаротар доман андохта буд, зеро дар канори роҳ дарахтҳои тозашукуфо ва боғҳои навбунёди ин минтақа аллакай қисмате аз холигоҳҳои домони даштро сабзу хуррам ба ҷилва меоварданд. Ҳолати роҳ хеле беҳбуд ёфтаву аллакай аз даромади ноҳия вазъи хуби он, ҷодаи мумфарш эҳсосоти гувороеро дар вуҷуди ман эҷод менамуд. Лавҳаҳои муаррификунандаи     деҳаву ҷамоатҳоро низ номҳои зебо оро дода буданд, ки воқеияти ҳамон таъбири мардуми “номи зебо ними ҳусн”-ро  ҷилва мерехтанд. Ҷолиб аст, ки вақте дар нахустин қадамҳои вуруди шумо пешорӯятон навиштаҷоти “ Меҳробод”  таҷассум мекунад ва бешак ҳамин вожаи меҳр аст, ки аллакай аз ободиву созандагиҳои ин диёр паём мерасонад.

Аз сабаби он ки мулоқотҳои мо тибқи нақша чанд рӯз давом кард, ман имкон доштам, ки субҳҳо пиёда шаҳраки Шайдонро тамошо кунам ва ин ҳама созандагиву бунёдкориҳои боварнакарданиро бо чашмони худ бубинам. Воқеан, чеҳраи ин шаҳрак давоми бештар аз даҳ сол хеле дигаргун шудааст. Худ бунёди як кохи бузурги фарҳангӣ, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба театр табдил ёфт, симои ғанои фарҳанги ин диёр ва шукӯҳи як бинои муаррифигари ин сарзаминро бозтоб мебахшад. Болои теппаи канори шаҳрак саҳаргоҳ хеле зебову сабзу хуррам менамояд ва маълум мегардад, ки давоми ин солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳадафи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мавриди бунёди боғу токзорҳо мардум бо дастони худ ин макони куҳсорро ба як боғи мушаҷҷар табдил додаанд. Раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар мақоми мудири бахши ҷавонони ноҳия низ фаъолият  бурдааст, аз саҳми арзандаи ҷавонони ноҳия дар эҷоди ин мазрааи сабз дар канори шаҳрак бо завқ ҳикоят мекунад, ки бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва оини ватандӯстӣ ҷавонони бонангу ори ноҳия то замони баровардани об ба ин минтақа тавассути зарфҳои мухталиф ҳамарӯза  ин дарахтонро нигоҳубин мекарданд, то ин мазрааи сабз ҳосил мешавад. Биноҳои хуштарҳу замонавӣ , ки дар ду тарафи роҳ ва канораҳои шаҳрак намуди худро ба намоиш гузоштаанд, ҳамагӣ аз нуфузи корҳои созандагӣ дар ин гӯшаи диёри Тоҷикистони азиз паём мерасонад.  Вақте барои мулоқот бо мардум ба самти ҷамоати Понғоз рафтем, боварнакарданист, ки тамоми роҳи марказии як деҳаи дурдасти диёр мумфарш шудааст ва бинову иншооти муҳими он, мисли чойхонаву тарабхонаҳояш аз ҳеҷ як чунин  иншооти дар шаҳрҳо мавҷуда фарқ надоранд. Раиси ноҳия бо ихлосу иродати бепоён нисбати мардуми хеш изҳор дошт, ки ин ҳама саҳми арзандаи худи мардуми деҳа ҳаст, ки ҷавобан ба ҳамаи ғамхориҳои  Пешвои миллат ташаббус нишон дода, дар ҳамдастии ҳамдигар ин корномаи созандагиро ба сомон расониданд. Воқеан, иқдоми шоистаи мардуми ин диёр, бахусус соҳибкорони бо нангу номуси он сазовори таҳсин аст. Дар яке аз гӯшаҳои дурдасттарини ноҳия, ки дар баландии кӯҳсор ҷой гирифтааст, яъне дар деҳаи Пунук зимни мулоқот бо мардум равшан гардид, ки аллакай ин ҷо ҳам пахши мавҷи шабакаҳои телевизионии кишвар ба роҳ монда шудаву аҳолии деҳа ва рустоҳои он ба воситаҳои ахбори умум нисбати пештара дастрасӣ доранд. Аз ҳама нуктаи ба ёд монданӣ ва хотирмон ин буд, ки ба таъкиди Раиси ноҳия чанде қабл дар ин деҳаи дурдаст офати табиӣ сар задаву сел омад ва хисороте бар мардум расонид, то замони расидани намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аллакай аҳолӣ худ якҷоя баромада хеле аз корҳоро ба иҷро расонида буданд. Мардум сипосгузории бепоёни хешро ба Раиси вилоят, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ расониданд, ки дар кутоҳтарин фурсат назди мо омадаву ба кӯмакамон расиданд…

Дар мулоқотҳои доиршуда бароям хеле нуктаи гуворо он буд, ки имрӯз аксарияти шогирдони мо дар мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба ҳайси омӯзгор  фаъолият доранд. Бештар аз даҳ сол қабл вақте мулоқот бо омӯзгорон доштем, муаммои зиёди нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ ҷой дошт, аммо имрӯз ҳама шогирдони худ устод гардидаи мо аз шароити хуби корӣ дар мактабҳои бо тарҳҳои нав сохташуда суҳбат мекарданд. Ба ёдам ин сухани Ҳазрати қиблагоҳиям омад, ки пайваста таъкид менамуданд, ки агар ман дубора таваллуд шавам, боз ҳам муаллим мешавам. Воқеан, ҳамин вохӯриҳо ва мулоқотҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки ҳар моҳ бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят доир мешавад, ин андешаи падарро дар ман низ раҳнамо гардонидааст, зеро вақте фаъолияти босамари ин шогирдон ва дастовардҳои онҳоро мешунавӣ ва ё бо чашмони худ мебинӣ, ё ин ки бо ту чун устод гуён муроҷиат менамояд, дар ҳақиқат ифтихор хоҳӣ дошт, ки заррае ҳам бошад, саҳме дар ғанои дониш ва андешаву тафаккури вай гузоштаӣ.

Дар мавриди мулоқоту вохӯриҳо роҷеъ ба тағиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ бардоштҳои ҷолибе ҳосил гардид. Cокинони ноҳияи Ашт воқеан тағироту иловаҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро»  бо рӯҳияи баланд  ва масъулиятшиносии самимона истиқбол намуданд. Зимни баргузории сӯҳбату мулоқотҳо ва мулоҳизоти аз ҷониби онҳо баёнгардида равшан эҳсос мешуд, ки худи мардум низ дербоз ин тағиротро интизор буданд, зеро онҳо ҳатто иловатан бар тағироти воридгардида пешниҳодҳои ҷолибе дар мавриди боз ҳам такмил додани қонун ва танзими чорабиниҳои дигаре, ки дар ҳошияи ҷашну маросимҳо доир мешавад, манзур сохтанд. Дар мавриди дар доираи оила баргузор шудани маросими Хатнасур, оростани дастархони маънавӣ ва хоксорона дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон, манъи забҳи чорво ва додани таъом маросимҳои марбут ба азо, ки аз ҷумлаи тағиротҳои нав ба қонун ба шумор мераванд, сокинони ноҳия баробари изҳори назар ва пурсишу посухҳо саривақтӣ ва дар доираи фарҳанги куҳани аҷдодӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ будани ин тағирот андешаҳои худро баён доштанд.  Дар мулоқоте, ки бо роҳбари гурӯҳи корӣ дар вилояти Суғд, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ, Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамроҳ бо муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо дар  театри давлатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо ҳузури бештар аз ҳазор нафар сокинон доир шуд, низ дар робита ба маҷмӯи ин тағирот пурсишу посухҳои мушаххас ҷараён гирифта, сокинон дар баробари пурсишҳо пешниҳодҳои ҷолиберо ҷиҳати танзими ҳар чӣ бештари маросимҳои хурди дар ҳошияи тӯю маъракаҳо баргузоршаванда, одатҳои номатлуб ва роҳҳои пешгирии онҳо изҳор дошанд.

Дар аксари шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия вобаста ба моддаи 14, ки масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро нисбат ба эҳтироми рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либоси миллӣ баланд мебардорад, аз аксари сокинони шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия мулоҳизоти судманд баён шуд. Аз ҷумла, сокинон пешниҳод доштанд, ки минбаъд ба ҷои истифодаи либоси арӯсии ба фарҳанги мо бегона,ки ҳамзамон бо нархҳои хеле гарон харидорӣ ва ё ба иҷора ба як рӯз мешавад,  ҷорӣ намудани либоси миллии арӯсӣ бо истифода аз анвоъи матоъҳои миллии мо мувофиқи мақсад аст. Раиси ноҳия зимнан изҳор дошт, ки аллакай миёни тарроҳон озмуни таҳияи либоси миллии арӯсӣ дар ҳудуди ноҳия эълон шудааст ва дар асоси пешниҳоди мардум моҳи декабр пас аз ҷамъбасти озмун мо тасмим дорем, ки аз соли оянда ин навъи либосро дар маросимҳо ҷорӣ намоем. Ҳамзамон, вобаста ба ин пешниҳод гардид, ки минбаъд назорати истифодаи мошинҳои гаронбаҳо дар маросими  никоҳи расмӣ аз ҷониби аъзои комиссия қатъӣ гардад. Ҳатто аз ҷониби худи аҳолӣ пешниҳод гардид, ки имкон дорад минбаъд маросими никоҳи расмӣ дар дохили ҳамон базм баргузор гардида, гардиши арӯси домод тавассути мошинҳо то ҷое бояд ба танзим дароварда шавад, зеро ҳолатҳои ба минтақаҳои берун аз ноҳия рафта ва ҳатто ба садама дучор шудани ин мошинҳо низ ба қайд гирифта шудааст.

Сокинони ноҳия вобаста ба моддаи 10, ки қисмате аз маросимҳои марбут ба тӯи арӯсию домодӣ низ дар он манъ гардидааст, андешаҳои худро бо истиқболи хушоянд аз ин тағирот баён намудаанд. Хоса, пешниҳоди онҳо дар мавриди ба танзим даровардани ҷиҳози арӯсӣ, мавҷудияти бархе одатҳои нодуруст дар мавриди таҳияи либосу маводи хона, таҳияи ҳадяҳо ва амсоли ин баён намуданд. Ҳамзамон, роҷеъ ба мафҳуми оила дар қонун низ дар аксари маврид суолҳо манзур гардид, ки аз ҷониби ҳайати гурӯҳи корӣ ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.

Албатта, имкони тафсири ҳар яке аз ин иқдому мулоқотҳо дар ин навиштаи мухтасар мавҷуд нест, зеро танҳо бо сафар дар ин гӯшаи дурдасти диёри азизи Тоҷикистон имрӯз чӣ миқдор таассуроти наҷиб аз баракати созандагиҳо ҳосил мешавад. Дар канори ҳама ин ҳосили бунёдкориҳо корҳои дигаре чун бунёди Қасри Пешоҳангон, идомаи корҳои мумфаршкунӣ дар дигар минтақаҳои ноҳия, аз ҷумла деҳаи Ашт, сохтмони боз чандин иншооти дигари муҳим идома дорад. Дар ҷараёни суҳбатҳо ба Раиси ноҳия аз шинохти айёми кӯдакии хеш дар мавриди номи Ашти калон ёдовар шуда, изҳор доштам, ки дар ҳақиқат имрӯз бо шарофати сиёсати созандагиву бунёдкориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин диёри дурдаст дар ҳақиқат ба Ашти калон табдил ёфтааст. Боварии комил дорам, ки  бунёди шаҳраки Сайҳун барои мардуми сарбаланди ноҳияи Ашт низ илҳомбахш мегардад, то бо истифода аз ҳиммату нерӯи бузурги корномаҳои созандаи хеш аз ин сӯйи он дашти калон дар фурсатҳои наздик бунёди чунин як шаҳраки дигар ва боғистони нопайдоканори мушаҷҷарро оғоз бахшанд, чун эҳсос мешавад, ки ин корномаҳои созанда бар асари муҳаббат ва иродати мардуми ин диёр ба Ватан,ба Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллати хеш кам- кам ҷилвагариҳо дорад. Аз ин рӯ, бо таваҷҷӯҳ бар ин пешравиҳо ва тавфиқи ин сарзамин дар айёми соҳибистиқлолии мамлакат он рӯз бадоҳатан ин рубоиро нахуст барои Раиси ноҳия ва ҳайати ҳамроҳонамон, намояндаи мардуми ноҳияи Ашт, Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷони Раҳматзод, намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобоев қироат намудам:

Эй Ашти калон, ки Яштро ҳамсолӣ,

Кӯҳи шарафу дашти накуиқболӣ.

Эй номаи саркушодаи асри куҳан,

Дилбурдаву дилдодаи истиқлолӣ.

Субҳи рӯзи дигар баъди мулоқот бо мардумони ҷамоати деҳоти Ошоба ва Меҳробод, дидору мулоқотҳо бо аҳолии ҷамоати Ифтихор, ки ҳамоно дар лаҳза пешорӯи мо корномаҳои созандагӣ ҷилвагарӣ менамуд, ин ҳама ободиву созандагиҳоро барои мардуми Ашт чун як гӯшае аз гӯшаҳои сарзамини Тоҷикистон муборакбод гуфтам:

Бодо, бодо,муборак ин ободӣ,

Эй Ашт, ки фархундаву фаррухзодӣ.

Имрӯз ба деҳоти ту боз омадаем,

Бо номаи саршори муборакбодӣ.

Бале, имрӯз ин порае аз хоки Тоҷикистони азизи мо чун дигар манотиқи он аз баракоти соҳибистиқлолии кишвар ҳанӯз имконияти бештар дорад, ки дар партави ҳидоятҳои дурнигаронаи Пешвои миллат ва иродату садоқати мардумаш боз ҳам бештар рушд кунад ва мо бар ин бовар ҳастем, ки давоми солҳои оянда ва фурсатҳои наздик шоҳиди нуфузи ин корномаҳои созанда хоҳем шуд…

Нуралӣ НУРЗОД

Устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *