ДОНИШҶӮЁН АЁДАТ ШУДАНД

 459 боздид

Боиси хурсандист, ки имрӯз таваҷҷуҳ ба табақаи ниёзманду муҳтоҷи ҷомеа зиёд аст ва ин бори дигар аз саховату инсондӯстӣ ва қалби меҳрубон дарак медиҳад.
Дирӯз ду нафар донишҷӯёни маъюб, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд баробари дигар ҳамсолони худ таҳсил доранд, аёдат карда шуданд.
Аз ҷониби муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода (дар ҳаҷми 500 сомонӣ) ба Зокирҷонов Комрон, истиқоматкунандаи деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт, донишҷӯйи курси дуюми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, маъюби гурӯҳи 2 ва ҳамчунин Холбоева Умедахон, сокини деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Ориён, донишҷӯйи соли сеюми бахши суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, маъюби гурӯҳи 1 тақдим карда шуд.
Ҳамчунин ба ин ду нафар аз ҷониби роҳбарияти ноҳия маводи ғизоӣ (маҳсулоти ниёзи аввал) супорида шуд.
—Аз ғамхориву таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ва ноҳия сипосгузорем,—гуфт Умедахон Холбоева. –Кӯшиш менамоем, бо баҳои хубу интизоми намунавӣ донишгоҳро хатм намуда, баҳри ояндаи Аштзамин саҳми хешро гузорем.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.