ДУШАНБЕ: Мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт бо донишҷӯёни донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе

 474 боздид

Санаи 03 майи соли ҷорӣ, дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси ноҳия бо донишҷӯёни ноҳияи Ашт, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Дар мулоқот Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, ва зиёда аз нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, дар баромади худ қайд кард, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои олӣ ва касбии шаҳри Душанбе 665 нафар, дар хориҷи дуру наздик 256 нафар, умуман дар ҳудуди кишвар 3948 нафар (2253 нафар духтарон) таҳсили илм мекунанд. Инчунин тибқи каотаи Президентӣ давоми панҷ соли охир 99 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил гардида, таҳсил намуда истодаанд.

Баъдан мубодилаи афкор байни донишҷӯён ва Роҳбари МИҲД-и ноҳия сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир ба 60 нафар донишҷӯ кӯмакпулии яквақтаинаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тақдим гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.