«Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқиқи маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат ҳамчун роҳбари щамхор ва дифоъгари андешаи динӣ ва муҳофизи ақидаи аҷдодӣ соли 2009-ро соли бузургдошти имоми Аъзам эълон намуда, бо чопи китобҳои мазҳабию ақидагии ниёгон мардуми мусулмони кишварро бо мазҳаби ақлгаро ва таҳаммулпазирии ҳанафӣ шинос намуданд».
Бояд қайд кард, ки аз фазои озод, хусусан ҳизби наҳзати исломӣ истифода бурда ақидаҳои барои муҳити Тоҷикистон бегона бударо ривоҷ медоданд. Ман худ шоҳидам дар намоз баланд омин гуфтан рафъи ядай-баъди руку даст бардоштан пой-ро васе мондан ва ҷоруб мас кашидан баъди намози фарз хондан аз масҷид рафтан. Дастгирии шиъагароӣ. Имоми Аъзам (рх) вақте мегӯянд, баъд аз намоз дуо гӯед, қуръон бихонед дуои хайр кунед ин амалро бидъат медонанд.
Яъне дуо сабаб мешавад, ки Худовад ба бандагонаш таваҷҷуҳ медиҳад вагарна бе дуову ниёиш мо дар назди Худо эътибор нахоҳем дошт.
Инсон бояд бо хотири неъматҳои Парвардигор шукргузорӣ кунад. Шукргузорӣ дар муқобили неъматҳо ҳукми ақл аст ва ҳар оқиле дар баробари некиҳо ва неъматҳои ба ӯ расида шукргузор мешавад.
Дар китоби «Ҷомеул-Улум» омадааст, ки «Ба роҳбарон гуш кардан ва аз эшон итоат кардан, дар ин саодатмандии дунёст. Зеро ба туфайли онҳо масолеҳи бандагон, дар зиндагиашон муназзам мешавад ва ба туфайли онҳо дин ва тоати Парвардигорашонро изҳор мекунад».
Худованд фармудааст:
«Эй мӯминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайщомбару фармонравоён (ҳакимон)-ро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед» (сураи Нисо о.59). Фитна хоҳ дар дохили кишвар бошад, хоҳ дар берун, неъмати амнро нест мегардонад. Пас дар натиҷа ҳаёте, ки писандида аст, ба зиндагии танге мубаддал мешавад ва дину диндорӣ аз даст меравад.
-Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте, ки дар иҷлосияи 16 таърихии Хуҷанд Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Сардори давлат интихоб шуданд, ба халқи азияткашидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон щамхорӣ карданро бо амри дили пок ҳадафи асосӣ, шоҳроҳи ягонаи сиёси худ қарор доданд.
Биноан, аз ҳамон минбаре, ки бори аввал ҳамчун роҳбар суханронӣ доштанд бо сари баланд изҳор намуданд.
«Ман ба Шумо Сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомуш месозам! То он даме, ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад худро ором намегузорам».
Баъд аз воқеаҳои солҳои 1990 оташи кинавӣу адоват ба вуҷуд омада гурӯҳҳои нав ба майдони мубориза ворид гардида сиёсати тундравонро торафт тақвият мебахшид.
Мо агар ба рӯзҳои гузашта назар намоем, ки чи фитнаҳо дар Тоҷикистони азизамон ба амал омаданд. Ватани Маҳбубамон дар ҳоли нобудӣ қарор дошт, щарқи хун ҷигаргушаҳои хеш буд.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки Роҳбарони шиашудаи ТЭТ ҲНИТ аз доираи аҳли Суннат ва ҷамоат дури ҷуста ва аз таълимоти Имоми Аъзам рӯй гардонид. Дар фаъолият барои миллати худ кишвари худ ҳеҷ манфиате наовард, баръакс ҷавонони ноогоҳро барои таҳсил ба Ҷумҳурии Исломии Арабистони Саудӣ ва Эрон ва Сурия, ИРОҚ сафарбар мекард. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон медонад, ки дар Тоҷикистон барои паҳн кардани шиагароӣ ҳеҷ гуна заминаи иҷтимоӣ вуҷуд надорад, зеро 97% аҳолии Тоҷикистон Сунни мазҳаб мебошанд. Ба ин нигоҳ накарда аъзоёни ТЭТ ҲНИТ адабиётҳои шиъа-гароиро ба мардум расониданд, ки зиёда аз 300 китобҳои шиъа-гароӣ аз мардум гирифта шуд. Пеши роҳи истифодаи ин китобҳои щайри масҳабиро мо бояд гирем. Оқибати нек надорад.
Мову шумо огоҳ ҳастем, ҷавонони гумроҳи кишвари мо тавассути гумоштагони хориҷӣ бо роҳҳои щаӣриқонунӣ дар ҷангҳои кишвари арабии Сурия иштирок доштанд ва доранд. Аз супоришҳои қатъии Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба ин гуна амалҳои зишту нангин ҳар яки мо огоҳ ҳастем.
Даҳсолаҳои охир ҳар гурӯҳи ифротие, ки зуҳур кард аз худ хабар дод, худро «Исломӣ» хондаву аз дини Ислом сӯистифода намуда худро «намояндаи Ислом» муаррифи карда ба сафи худ ҷавонони ноогоҳи мусулмонро ҷалб карда ба мардуми осоишта зулму ситамро раво мебинанд. Дар Қуръони Карим ҳаргиз ба куштор махсусан қатли мусулмон иҷозат намедиҳад.
«Ва ҳар, ки муъминеро ба қасд бикушад пас, ҷазои ӯ дузах аст дар он ҷовид бошад: ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст» (сураи Нисо ояти 93). Яъне аз ҷанбаҳое, ки дини Мубини Ислом ба он аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, ин муҳаббату щамхорӣ доштан нисбат ба волидон аст. Худованд дар Қуръони Карим мақоми падару модарро пас аз ибодати Худованд вогузор кардааст. Гузаштаро фаромуш карда намешавад. Ҳодисае, ки дар шаҳри Раққаи Сурия рух дод ва боиси вокуниши ҷиддии кишварҳои олам гардид бори дигар чеҳраи манфури ифротиёну ирҳобиён ва алоқаманд набудани андешаву амали онҳо ба дини мубини Исломро собит кард.
Дар шаҳри Раққа яке аз террористон модари худро дар назди издиҳоми халқ оташ зада, ба ҳалокат расонид ва сабаби ин амали худро ба зиддиятҳои модар дар робита ба иртиботи писараш бо ифротиён тавъам донист. Ин гуруҳ то чи андоза аз таълими дини мубини ислом ва умуман меъёрҳои инсодустиву раҳму шафқат дуранд.
Ҳар амали анҷом ёфта дар рӯи қощази таърих сабт мешавад аз мутолиа карда баҳо медиҳем.
Рӯ меорем ба таърихи гузашта ба китоби соли 1957 дар Сталинобод чопшуда бо забони русӣ, «Победа великой Октябрской Соӣиалистической Революӣии в Северном Тадҷикистане». Дар соли 1917 16 март «Шӯрои Исломия» ҳамчун партия номнавис шуд. Баъди тасдиқ шудани «Шӯрои Исломия» дар Тошканд дар охири марти 1917 дар Хуҷанд, Уротеппа, Қуқанд, Самарқанд низ «Шӯрои Исломия» ташкил карда шуд. Дар Хуҷанд партияи «Шӯрои Исломия» аз 20 нафар иборат буданд.
Тоҷибой Ҳоҷӣ Муҳаммадов, Мулло Қурбон Баротбоев, Мирҳошим Миркамолов-ро, роҳбари ин партияи «Шӯрои Исломия» интихоб карда буданд. Мирзо Умар Мирзо Хоҷаев, баъди инқилоби Октябр аз хориҷа омада, ҷонишин муаллими «Ходженского русско-туземного училиш», Абдулло Раҳимбоев, котиб туркнаҷот Абдулло Дербисалан.
Ҷура Зокиров, Ҳайдар Усмонов, Болтубой Тоҳиров, Абдулқодир Раҳимбоев, Назмиддинов Раҳимбердӣ, Масаидов ва дигарон бар зидди ташкилёбии партияи «Шӯрои Исломия» баромада буданд.
Хислатҳои щайри инсонии партияи «Шӯрои Исломия», аз руи шикояти аҳоли дар вақти кофтукови аз аъзогии «Шурои Исломия» Отабоев «203 пуд гандум 36 пуд қанд гирифта шуд, ки мардум ниёз ба хӯрока доштанд.
Аъзоёни «Шурои Исломия» 6 феврали соли 1918 яроқнок шуда аз Уротеппа ба Хуҷанд ҳамла мекунанд. Аз тарафи халқ дастгирӣ карда намешавад. Оқибат ба Бухоро гуреза ммешаванд. Мисол овардан аз таърих барои он, ки дар вақти инқилоби шӯравӣ низ «Шӯрои Исломия»- ташкил карданд барои ҳимояи мусулмонон аз номи дини Мубини Ислом сухан мекарданд, аммо пинҳонӣ халқи ҷабрдидаро азоб медоданд. Дар вақти аз Уротеппа ба Хуҷанд ҳамла кардан ҳамаро талаву тороҷ карда оташ заданд, ки халқи меҳнаткашу ҷабрдида тарафдорӣ накарданд.
Мақсади партияи «Шӯрои Исломия»-и ҳамон вақта ва ТЭТ ҲНИ имрӯза яканд, расидан ба мақсадҳои щаразноки молӣ ва сиёсӣ, паҳн намудани ихтилофи мазҳабӣ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ ба вартаи ҳалокат расонидани миллат, ба хун ощушта кардани мардум.
Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар пёмашон ироа намуданд, ки «Тероризм ва Экстремизм» аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобали ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст»
Таърих гувоҳ аст, ки маҳз гурӯҳу фирқабозии ҳизбу ҳаракат ва равияву ҷараёнҳо бо номи дин сабаби ҳалокату парокандашавӣ, бесавориву бемаърифатӣ, ваҳшоният ва ақибмонии мусулмонон дар ҷомеъаҳои мусулмоннишин мебошад.
Пайщамбари Худо (с) фармудаанд: «Аз зиёдаравӣ дар умури динӣ ҳазар кунед! Бешак умматони собиқаро, ки пеш аз шумо арзи вуҷуд доштанд зиёдаравӣ дар дин ба ҳалокат расонид.
«Ва шумо ҳама ба расони Худо ҷанг занед ва пароканда нашавадед, ва неъмати Худоро, ки бар шумост ёд кунед» (сураи Оли Имрон ояти 103).
Аз зиёдаравии ҷавонони нав огоҳ аз дини Мубини Ислом ва ба ҷараёну равияҳои навпайдо ошноӣ пайдо карда арзишҳои асли Мазҳабро ва анъанаҳои бобоиро поймол карданд. Барои пароканда нашудани мардуми Тоҷикистон ва диндорон, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мазҳаби аҷдоди яъне мазҳаби Имоми Аъзам (р.а) пуштибону карда шуд.
Мутобиқи таълими Қуръони азимушшаън шукру сипос дар баробари неъматҳои илоҳӣ сабабгори афзудани неъматҳо мешавад ва дар акси ҳол куфр варзидан ба ин неъматҳо боиси щазаби Худованд мегардад.
-Озодии виҷдон.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намуданд, ки «Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки арзишҳои милливу динии худро эҳё намуда, ҳуқуқи озодиҳои шахсии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кунем ва кафолат диҳем».
Шукронаи ин неъмат яъне озодии виҷдон кунем. Зиёдаравӣ накунем, хусусан ҷавонон.
Худованд мефармоянд: «Эй одам ту бо ҳамсарат дар биҳишт бимон ва аз биҳишт ҳарҷо, ки хоҳед фаровон бихуред: ва ба ин дарахт наздик мешавед, ки аз гунаҳкорон хоҳед шуд!» (сураи Бақара ояти 35).
Вақте, ки Одам (а) ва ҳаво –модари Оламиён ба фармони Худо итоат накарданд. Бо таълими шайтон аз дарахти дар Биҳиштбуда яъне донаи гандум хурданд, ва аз биҳишт ронда шуданд. Ин итоат накардан ба фармони Худованд буд. Мо бандагони оҷизи гунаҳкор дидаву дониста даҳҳо гуноҳ мекунем дар як рӯз. Озодии мутлақ дар Биҳишт набуд. Мо бояд ба қонунҳои амалкунанда итоат кунем.
Худованд Қуръоноро ба «Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим»- яъне «Бо номи Худованди бахшандаву меҳрубон» ощоз кардааст. Худованде, ки барои офаридаи худ Одам (а) тамоми Малокиашро назди ӯ таъзим карданро фармуд, тамоми коинотро баҳри одам офарид, бо амали беақлу сияҳдилон, вайронкориву куштори бегуноҳон ба хун ощушта кардани тифлон бегуноҳ ҳаргиз Худованд ба онҳо пирӯзӣ намедиҳад. Ислом дини муросо, сабр ва меҳрубонӣ аст.
Ҳамаи моро зарур аст, ки муҳаббат самимияти худро нисбат ба миллат, давлат ва сарзамини аҷдодии хеш нишон дода тавонем. Дини Ислом барои тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёд додааст.
Ҳар як фарди ҷомеаро мебояд шукронаи обу хоки ин Ватани биҳиштосо намуда баҳри ободии ин марзи Муқаддас камари ҳиммат бубанданд, то ин ки дар Ватани азизамон ҳамеша шукуфон ва тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад.
Ин куҳистонро бо обу хокаш ба мо Худованд насиб гардонидааст бо Сарвари давлат Пешвои Миллат, дар паноҳаш нигоҳ дорад.
Сархатиби ноҳияи Ашт
Ҷамолиддинов А.