ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ПОЯНДА БОД!

 6 729 боздид

Аз азал мардуми дӯст ва бародари тоҷик ва ӯзбек бо ҳам пайвандии ногусастанӣ дораннд.    Тоҷикон ва узбекон  бо таърих, фарҳанг рукну оин ва адабиёти худ машҳур гардида, аз ҷумлаи халқҳои қадимтарин ба шумор мераванд.

Бунёди ин мероси ин ду халқи бузургро дўстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳанд.

Дар ҳақиқат, тоҷикон ва ўзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирўзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дўстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд.

АДАБИЁТ ВА ТАҚВИЯТИ ДӮСТӢ.

Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни ХУ боз ҳам устувор гардид ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дўстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дўстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд.

Мир Алишер Навоӣ то охири умр ҳамчун шогирди вафодор ба Мавлоно Ҷомӣ содиқ монда, ҳамеша дар осори хеш хислатҳои бузурги инсондўстонаи пирашро ба некӣ ёд оварда, бо як меҳру муҳаббат оид ба хоксорӣ, фурўтанӣ, ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ, хайрхоҳӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи ў ишора ва дар шеъру шоирӣ, фалсафаю ҳикмат, шариату тариқат забардаст будани устодашро зикр кардааст. Аз ҷумла,  ҳамин сифатҳои беназири устодашро Навоӣ дар қасидаи “Туҳфат- ул — афкор” возеҳ шаҳр дода, на танҳо дар пайравии ў дар як муддати кўтоҳ қасидаи ҷавобия таълиф кардааст, балки беҳтарин хислатҳои Мавлоноро дар баробари дигар масъалаҳои фалсафию ҳаётӣ таъкид намудааст.

Навоӣ баъд аз вафоти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ лаҳзае эътиқодашро ба устодаш кам накарда, меҳру муҳаббати бепоёни хешро дар асараш «Хамсат-ул-мутаҳаййрин», ки ба мулоқоту суҳбатҳо, мукотибаю ҳамкории эҷодии ҳар дуяшон бахшида шудааст, беҳтарин сифатҳои Мавлоно Ҷомӣ ва дигар муосиронашро қайд намудааст.

Дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дўстонаи тоҷикон ва ўзбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст.

Устод Айнӣ бо адибони ўзбек — Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом ҳамкории наздики эҷодӣ барқарор карда, дар тарбияи онҳо нақши назаррас дорад. Вай аз аввали қарни ХХ бо ду забон — тоҷикӣ ва ўзбекӣ асар эҷод карда, ба тақдири халқи ўзбек ва сарнавишти фарзандони он баҳои воқеӣ додааст. Махсусан, дар тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” дар қатори адибони барҷастаи тоҷик аз сухансароёни тоинқилобии ўзбек, ки дар қаламрави Мовароуннаҳр умр ба сар бурдаанд, ёд карда, нахустин шуда, доир ба шарҳи ҳол ва осори онҳо маълумот додааст. Вай дар ин тазкираи комили худ доир ба осори гаронбаҳои Мир Алишер Навоӣ ва эҷодиёти Лутфӣ, Муҳаммад Солеҳ, Акмал, Гулшанӣ, Нодира, Машраб ва дигарон баҳои баланд дода, намунаҳои ашъори тоҷикӣ ва ўзбекии онҳоро оварда, нақшашонро дар рушди адабиёти ҳар ду халқ таъкид намудааст. Масалан, вай дар бораи Машраб маълумот дода, аз ҷумла менависад: “Машраби Намангонӣ – исмаш Бобораҳим аст. Дар соли 1123 ҳиҷрӣ дар Қундуз ба фатвои уламо ва ҳукми Маҳмудбии Қатаған шаҳид карда шуд. Девони туркии Машраб мавҷуд аст. Уламо ва зуҳҳодро сахт танқид мекунад…”

Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов нахустин маротиба соли 1949 бо ҳам шинос шуда, ба сифати раисони Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриҳои худ баҳри тарғиби ғояҳои ягонаи дўстию бародарӣ дар якҷоягӣ камари ҳиммат бастанд. Шароф Рашидов лаҳзаҳои аввалини шиносоии худро бо шоири номдори тоҷик чунин ба қалам додааст: «Мирзо Турсунзода аз худи ибтидо ба ман таассуроти хубу амиқ гузошт. Ў марди серғайрату фаъол буд, доираи фикраш хеле васеъ буд ва санъаткори ҳақиқӣ буданаш ҳис карда мешуд».

САНЪАТ ВА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ

Бояд гуфт, ки нақши тоҷикон ва ўзбекон дар рушди санъати миллии ҳамдигар бағоят бузург мебошад. Ҳар ду халқ ба “Шашмақом” умри дубора бахшидаанд. Тавассути фарзандони фарҳангпарвари тоҷику ўзбек мусиқии “Шашмақом” рушд карда, дар ҳар ду кишвар мақом ва ҷойгоҳи хос пайдо намудааст. Дар санъати шашмақомхонӣ Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, ки донандагони хуби мактаби бузурги мақомхонӣ ба ҳисоб мерафтанд, дар тарбияи даҳҳо сурудхонони ўзбек нақш доранд ва мактаби мусиқӣ ва мақомхонии онҳо дар Тошкент, Бухоро, Самарқанд, Хева, Фарғона, Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент ва Исфара то ба ҳол побарҷо буда, аз равобити дўстӣ ва ҳамкориҳои аҳли ҳунари ин ду халқ дарак медиҳанд.

Асоси ин ҳама муваффақиятҳо, бе шаку шубҳа, сулҳу ваҳдат ва дўстӣ буда, тоҷикон ва ўзбекҳо ин сифатҳои олиро ба дигарон тарғиб мекарданд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя менамуданд. Аз ин лиҳоз, мавзўи дўстиву рафоқат, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ яке аз мавзўъҳои умдаи адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷикон ва ўзбекҳо ба шумор меравад.        Ҳамин нуктаро аллома Б. Ғафуров қайд карда, аз ҷумла навишта буд: «Дар тўли ин қарнҳо байни назму ҳамосаи ўзбекон ва ҳамосаю адабиёти мардуми тоҷик таъсири мутақобил мавҷуд буд. Дар ин давра синтези расму одатҳо, маросим ва фарҳанги халқҳои тоҷику ўзбек пурмаҳсул давом кардааст».

Дар воқеъ, дўстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабияшон низ таҷассум гардида, шуҳрати беандоза касб мекард. Бовар дорем, ки ба шарофати оқилонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ин дўстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабўтарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар ду халқро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар машҳур мегардонанд.

САНОАТ- ОМИЛИ  МУҲИМИ МУСТАҲКАМКУНАНДАИ  ДӮСТӢ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

Робитаҳои дустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо бо натиҷаҳои назаррас ба чашм мерасад, ки ин аз самари сиёсати одилонаву оқилонаи роҳбарони ду давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев далолат медиҳад.

Ба гуфтаҳои боло метавон як амсоли аниқ овард. Чанде  пеш гурӯҳи кории Ҷумҳурии Ӯзбекистон  иборат аз 10 нафар бо роҳбарии сардори ширкати «Баҳодур Лағон текстил» Зиёқиддин Ёрматов ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ашт боздид намуданд.

Меҳмононро Раиси ноҳия Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ қабул ва ҳамроҳӣ намуданд. Мутахассисон аз заминҳои интихоби боздид ба амал оварда барои бунёди коргоҳҳои нав андешаҳои худро иброз намуданд.

Мақсад аз сафар ба гардиши кишоварзӣ даровардани 20 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳия ва ташкили боғҳои интенсивӣ мебошад. Ҳамзамон дар ҳаҷми 30 гектар бунёди минтақаи саноатӣ дар назар дошта шудааст, ки аз ҳисоби заминҳои даштӣ миёни Ашт ва ноҳияи Б.Ғафуров (дашти Сомғор) пешбинӣ гардидааст.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба аъзои гурӯҳи корӣ оид ба вазъи заминҳо ва обёрии он маълумот дод. Пас аз боздид мутахассисони соҳа иброз доштанд, ки дар чунин заминҳо боғҳои интенсивӣ бунёд карда, метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.

Баъдан Раиси ноҳия бо пешниҳоди харитаи заминҳо ба меҳмонон мавзеи мусоидро ҷиҳати корбарӣ пешниҳод намуд.

Аллакай дар ин самт кор рафта истодааст, ки меваи шаҳдбори дӯстии ду халқ мебошад. Ин иқдом танҳо дар сатҳи як ноҳия мебошад ва дар сатҳи ҷумҳурӣ хеле ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ ба назар мерасад.

Нақибҷонов Ҳаётҷон,

ноҳияи Ашт.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.