ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ АШТ—БЕҲТАРИН ФЕДЕРАТСИЯИ МИНТАҚАВИИ ВИЛОЯТ

 390 боздид

Санаи 17 декабри соли равон дар кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маросими ҷойизасупории Федератсияи футболи вилоят дар соли 2019 барпо гардид.

Қайд карда шуд, ки фаъолияти футболбозон ва умуман варзишгарон ҳамеша қадр карда мешавад.

Воқеан  имсол барои футболбозону дӯстдорони ин навъи варзиш соли бобарору хурсандибахш буд. Чунки мунтахаби наврасони то 17-солаи мамлакат дар чемпионати ҷаҳон дар Бразилия иштирок намуданд.

Комёбиҳои дастаҳои футболи вилоят низ бозгӯ шуданд. Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар ҷавоб ба таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумати кишвар футболбозону мараббиён ва кулли масъулини ин соҳаро мебояд бо заҳматпешагиву тамринҳои пайваста боз ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд.

Чуноне ки Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар анҷоми чорабинии мазкур ба 36 нафар беҳтаринҳои футболи вилоят, собиқадорон ва футболбозони наврас ҷойизаҳо супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи футболи ноҳияи Ашт моҳи декабри соли 2016 бо ташаббуси Раиси ноҳия Зариф Мирдадо таъсис дода шудааст. Мароми асосии таъсисгари он ҷалби наврасону ҷавонон ба футбол, ташкил ва баргузории чорабиниҳо, ташкили Лигаи футболи ноҳия, омода намудани дастаҳои наврасону ҷавонон ва ширкат дар чорабиниҳои сатҳи болоӣ ва билохир тарғиби тарзи ҳаёти солим маҳсуб меёбад.

Мавсими солҳои 2016-2017 чемпионати сеюми футболи ноҳияи Ашт бо ширкати 9 даста ва шурӯъ аз мавсими солҳои 2017-2018 бошад, чемпионати чоруми Лигаи 1-уми футболи ноҳия бо иштироки 20 даста оғоз шуда буд.

Баъди анҷоми даври гурӯҳии чемпионати чоруми футболи ноҳия аз 15 то 20 январи соли 2018  Ҷоми Раиси ноҳия ва ФФА бо 20 даста тариқи олимпӣ гузаронида шуд.

Дар чемпионати 5-уми футболи ноҳия 70 бозӣ баргузор шуд, ки аз 2000 то наздики 3000 тамошобин ширкат намуданд.

Санаи 4 марти соли 2019 дар МД вилоятии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов бо ширкати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо маросими ҷойизасупории ғолибон ва ҷойизадорони Ҷоми Раиси ноҳия ва ФФА-и ноҳия баргузор шуд.

Ҷойизаи Беҳтарин Федератсияи минтақавии вилоят ба ҳамаи футболбозону дӯстдорони ин навъи варзиш муборак!

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.