Фестивали «Гулдухтарони Суғдӣ» баргузор шуд

 910 боздид

17-уми апрел дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ба номи Абӯалӣ ибни Синои ноҳия фестивал-озмун таҳти унвони «Гулдухтарони Суғдӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» ва Рӯзи байналмиллалии оила гузаронида шуд.

Дар фестивал-озмун 6 нафар ҷавондухтар аз рӯи 5 шарт омода намудани хӯрокҳои гуногун, намоиши либосҳои миллӣ, муаррифинома, сурудхонӣ ва намоиши саҳна ширкат намуданд.

Дар охир ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии МТМУ №17 қадрдонӣ карда шуданд.

Обода Каримӣ мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и  ноҳияи Ашт гуфт, ки мақсад аз баргузории фестивал-озмун баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил, фарҳанги либоспӯшӣ ва маҳорати кадбонугӣ мебошад.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.