Фестивали «Ғунчаҳои умед» баргузор шуд

 997 боздид

Фестивали ноҳиявии кӯдакон таҳти унвони «Ғунчаҳои умед» дар кӯдакистони Гулдастаи ҷамоати деҳоти Шодоба оғоз гардид.

Дар ин бора аз Бахши фарҳанги ноҳия иттилоъ дода гуфтанд, озмун дар сатҳи баланд таҳия гардида,  манзури ҳозирин шуд. Дар фестивал кӯдакон тавонистанд истеъдоди баланди худро дар иҷрои суруд, намоиши саҳна, рақсидан ва намоиш додани фарҳанги либоспӯшии миллӣ нишон диҳанд.

Дар фестивал саҳнае, ки аз ҷониби кӯдакон намоиш дода шуд, инъикосгари эҳтироми хоса гузоштан ба насли калонсол ва тарбияи наврасони имрӯза мебошад.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.