Ғолибияти зардолупарварони аштӣ дар Иди нон, асал ва зардолу

 2 052 боздид

Дар ҷашнвораи Иди нон, асал ва зардолу, ки бо иштироки меҳмони олиқадр Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, зардолупарварони ноҳияи Ашт низ дар ду номинатсияи озмуни ҷашнвора сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. 

Тавре Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия ба мо иттилоъ дод, санаи 26-уми июн дар шаҳри Хуҷанд дар ду номинатсияи озмуни Иди нон, асал ва зардолу, зардолуи беҳтарин ва бандубасти меваи хушк зардолупарварони ноҳияи Ашт ҷойи дуюмро сазовар гардида, дар маҷмӯъ ба гирифтани 7 ҳазору 500 сомони мукофотпулии Пешвои миллат сазовор гардиданд.

Хотиррасон мекунем, ки ин ҷашнвора дар доираи сафари кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Сугд, ба муносибати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 21-солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.