ҒОЛИБОН САРФАРОЗ ГАШТАНД

 396 боздид

Боиси хурсандист, ки имрӯз аз ноҳияи Ашт ду нафар сазовори Сипоснома ва мукофоти пулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гаштанд.

Дар озмуни “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019”  омӯзгори МТМУ №13, магистранти соли дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Моҳрӯ Қурбонзода соҳиби ҷойи аввал, Сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ гардид.

Ҳамчунин дар озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2019”  китобхона-филиали №8-и деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт (китобдораш Ғаниева Сурайё)  барои дар сатҳи баланди касбӣ роҳандозӣ намудани хизматрасонии китобӣ соҳиби ҷойи сеюм, Сипоснома ва мукофотпулии Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 6000 сомонӣ гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.