Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Гулрӯза Ҷамолиддиновна-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ба номи Юлдош Нурматов, деҳаи Понғоз, ноҳияи Ашт соҳиби ҷойи якум гардид.
Барои истиқболи ғолиби озмун бо дустури Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода роҳбарияти шуъбаи маориф ба фурудгоҳи байнанмиллаи Хуҷанд ташриф оварда бо гулдастаҳои тару тоза дар фазои идона истиқбол гирифтанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки саҳми устод Бахтовар Ғоибов барои омода кардани Гулрӯза ба озмуни мазкур хело назаррас буда, бо нашони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд.