Даври минтақавии фестивал-озмуни ноҳиявии “Ғунчаҳои умед” бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017-соли ҷавонон” оғоз гардид.
15 декабр дар ҷамоатҳои деҳоти Шодоба ва Понғоз даври минтақавии фестивал-озмуни “Ғунчаҳои умед” бо иштироки муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ баргузор гашт.
Фестивал-озмуни мазкур дар ду марҳила баргузор мегардад:
-марҳилаи якум дар сатҳи муассисаҳои томактабии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз 4 то 18 декабр.
-марҳилаи дуюм дар маркази ноҳия дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузаронида мешавад.
Мақсад аз роҳандозии ин фестивал-озмунро масъулин рушди минбаъдаи тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017-соли ҷавонон” байни тарбиягирандагони кӯдакистонҳои ноҳия арзёбӣ карданд.