Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикитон

 401 боздид

Имрӯз, 4 октябри соли равон дар назди муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ аз ноҳияи Ашт Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия, сарбозон, падару модарони навдаъватшавандаҳо иштирок доштанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ иброз дошт, боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ дошта сарбаландона адои хизмат менамоянд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишварамон ҳиссаи муносиб мегузоранд.

Қурбоналӣ Сулмонов Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия дар баромади худ қайд кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст, зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Бурҳониддин Шерматов наваскар аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон зимни баромадаш иброз дошт, аз он ифтихор дорам, ки зодаи даврони Истиқлолият ҳастаму дар шароити фароҳам ба ҳама гуна фаъолият зиндагӣ дорам. Ин ҳама пешравиҳо дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталиф, ободу зебогардии Тоҷикистони азизамон ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Аз тарафи Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва комиссари ноҳия ба як қатор фаъолон ва падару модарон номаи миннатдорӣ ва Сипосномаву туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Дар охир барномаи хуби фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар даъвати тирамоҳӣ аз ноҳияи Ашт ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 нафар сафарбар карда шуданд, ки зиёда 60-фисади нақшаро дар бар мегирад.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *