ҲАДЯИ ИСТИҚЛОЛ

 584 боздид

БАРОДАРОН МАҚСУДҶОНОВҲО

Ин насаб, ки се бародар: Зайлобиддин, Бахтиёр ва Толиб доранд, имрӯз дар ноҳияи Ашт вирди забонҳост. Се бародаре, ки воқеан  номбардори падару ифтихори Ватани азизи худ ҳастанд. Чӣ тавре ки дар суҳбат маълум гардид, зодаи ҷамоати деҳоти Понғоз ва хатмкардагони  МТМУ №36 ҳастанд. Бо вуҷуди он ки соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, бо ҳукми тақдир наздики 30 сол инҷониб бо соҳибкорӣ машғуланд. Касби падари шодравонашон амаки Салоҳиддинро аввалан идома доданд: содироти меваи хушк ба Федератсияи Россия. Аз ҳамин зинаҳо оғоз гардид фаъолияти соҳибкории бародарон Мақсудҷоновҳо. Падари шодравонашон  инсони самимиву хоксор, меҳнатдӯст, дар чорводорию деҳқонӣ соҳибтаҷриба буданд. Ба ин зинаҳо расидану муваффақ шудани фарзандон маҳз аз роҳнамоии падар аст.

ҲАДЯ БА НАСЛИ ҶАВОН

Баъди чанд рӯзе муҳассилини МТМУ №36-и маҳаллаи Судҷаи ҷамоати деҳоти Понғоз соҳиби бинои хеле боҳашамату замонавӣ мегарданд, ки воқеан лоиқи таъриф аст.

Сохтмони МТМУ №36 моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд. Лойиҳаи он дар ҳамдастӣ бо коргоҳи лойиҳакашии ноҳияи Ашт бо назардошти сарфи маблағи беш аз 10 млн. сомонӣ рӯйи кор омад. Ҳамин тариқ, бо меҳнати зарбдори сохтмончиёни ДСМ-26 таҳти сарварии Аҳмадалиев Мирзалӣ, бинокорони баландихтисос аз шаҳри Хуҷанд  айни замон ин бино ба истифода омода шудааст. Дар ҷараёни кор дар мактаб боз 25-30 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин шуданд.  Мактаб барои  640 нафар хонанда дар як баст рӯйи кор омада,  аз се ошёна иборат аст: дар ошёнаҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан  9, 11, ва 12 синфхонаҳо мавҷуданд. Дар ошёнаи сеюм 4 утоқҳо барои маъмурият ва дар ошёнаи дуюм утоқи муаллимон ҷойгир шудаанд. Бино ҳамчунин дорои ошхона бо 80 ҷойи нишаст, варзишгоҳ, толори варзишӣ, толори алоҳида барои тенниси рӯйи миз, утоқҳо барои иваз кардани либос, китобхона ва маҷлисгоҳи барҳаво мебошад. Дар ошёнаи чаҳоруми бино, ки тариқи мансард сохта шудааст, толор барои тенниси рӯйи миз ва китобхонаи барҳаво ҷой гирифтаанд. Синфхонаҳо дар фасли зимистон тариқи системаи ягонаи гармидиҳӣ гарм карда мешаванд.

Айни замон корҳои интиҳоии сохтмонӣ дар толори варзишӣ идома доранд.

ОРЗУИ ЧАНДСОЛААШ АМАЛӢ ШУД

—Солҳост, орзу мекардам, барои  насли наврас як мактати замонавӣ бунёд намоям,—мегӯяд соҳибкор Зайлобиддин Мақсудҷонов. —Хушбахтона, ин орзуям имсол амалӣ гардид. Инак, аз санаи 1 сентябр хонандагони МТМУ №36 имкон доранд, дар мактаби замонавӣ таҳсили илм намоянд. Эътимод дорам, дар синфҳои муҷаҳҳаз ва барҳаво, ҷавобгӯ ба талаби замон илм омӯхтан натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад. Ин ҳама имконият ба хонандагон такони наве мебахшад, ки мақсади ман ҳам ҳамин аст: тарбияи насли ояндасоз, насле, ки тавонад, рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои Тоҷикистони азизро таъмин намояд, арзишҳои Истиқлолиятро эҳтиром кунад.

Азбаски маориф соҳаи афзалиятноку пояи миллат аст, нақшаи нахустинам  бунёди мактаб буд. Инак, баъди чанд рӯз сохтмони бинои ин мактаб ба анҷом мерасад ва хеле мамнунам, ки тасмими гирифтаам амалӣ гардид, чун баъди ба истифода додани дабистони мазкур имкон пайдо менамоям, пайи амалӣ намудани нақшаҳои дигар бошам. Имрӯз воқеан боварӣ ҳосил кардам, ки агар ният неку аз таҳи дил ва ҷаҳд беш бошад, ҳатман ба мақсад мерасӣ.

АГАР ТОҶИКИСТОН СОҲИБИСТИҚЛОЛ НАМЕБУД…

Ҳамин нуктаро ҳам бояд гӯям, барои расидан ба ҳадафҳоям осмони софи диёр, тинҷиву осудагии меҳан, сулҳу ваҳдати сартосарии Ватани азизам нақши муҳим дорад. Чун табиист, агар Тоҷикистон соҳибистиқлол намебуд ва барои мо, соҳибкорон аз ҷониби давлату сарвари кишвар имкониятҳо дода намешуданд, амалӣ шудани ин нақшаҳоям имконнопазир мешуд. Ҳар як вохӯрӣ бо Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мо, соҳибкоронро таконе бахшид ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии меҳан.

Орзуву нақшаҳоям ҷиҳати ободии меҳани азиз, рушди соҳаи боғдорӣ  ва саҳм гузоштан дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи навбатии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст  ҳоло зиёданд ва аллакай метавон гуфт, хиштҳои аввали ин “бинои орзуҳо” гузошта шудаанд.

Дарвоқеъ, ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки борҳо аз ҷараёни сохтмон хабар гирифтаву маслиҳатҳои муфид доданд, ба  Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, ки қариб ҳар ҳафта аз ҳоли мо огоҳ шуда меистанд, аҳли маорифчиёни ноҳия ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия М.Ҳайдарзода ҷиҳати  дастгирии пайвастаашон изҳори сипос менамоем.

МАН ҲАМ ҲАР РӮЗ МАКТАБ МЕОЯМ…

Чунин гуфт дар ибтидои суҳбат яке аз бародарон  Бахтиёр Мақсудҷонов, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд. –Ман ҳам наздики якуним сол аст, ки ба мактаб меоям. Ҳар субҳ баъди субҳона роҳ мегирам ба мактаб.

—Бо дилу нияти пок, дуои падар ва ҷаҳду талошҳои зиёд айни замон мо, бародарон аз пайи амалӣ намудани мақсадҳои хеш ҳастем,—гуфт дар суҳбат Бахтиёр. Имрӯз, вақте ба бино, синфхонаҳои муҷаҳҳазу барҳаво, долонҳои васеву пур аз айёният, шиорҳои роҳнамоикунанда менигарам, ҳама хастагиҳоям фаромӯш мешаванд. Эҳсоси ифтихору қаноатмандӣ маро фаро мегирад. Агар ба ҳамдиёронат манфиатат расид, гумон мекунам, ин беҳтарин эҳсос аст. Дар ободии диёр саҳм гузоштан беҳтарин амал аст.

Ӯ рост мегӯяд: вақте паёмади сурурбахши меҳнататро  мебинӣ ва шодии хонандагону омӯзгоронро аз чашмонашон мехонӣ, ба худ меандешӣ, ки заҳматҳо беҳуда нарафтаанд.

МО СОҲИБИ МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ ШУДЕМ

—Имрӯз шодии мо, хонандагони мактаб беканор аст,—мегӯяд хонандаи синфи 9 Рӯзиматова Истода. –Мо акнун дар синфхонаҳои барҳавову замонавӣ дарс мехонем, хеле масрурем. Вақте бори аввал ба долонҳои васеву барҳаво, синфхонаҳои муҷаҳҳаз дохил шудам, хешро дар олами дигаре эҳсос намудам. Ҳар як синф барои фанни муайян омодаву муҷаҳҳаз шудааст: вақте дохили синф мешавӣ, аллакай дарк месозӣ, ки он барои кадом фанни таълимӣ муқаррар шудааст. Ин аст, ҳадяи Истиқлолият ва ин туҳфаи соҳибкор моро водор менамояд боз ҳам бомасъулият бошем, дарс хонем, ба неъматҳои замони истиқлолро арҷ гузорем.

—Ин амали хайрхоҳонаи ҳамдиёронамон—бародарон Мақсудҷоновҳо, кори мо, омӯзгоронро равнақ мебахшад,—изҳори сипос намуд директори мактаб У.Исоматов.

—Дарсҳо бо сифати баланд ҷараён мегиранд, хонандагон бо ҳаваси бештар илм меомӯзанд ва паёмад қобили қабул мешавад: ҳадяи насли ояндасоз ба миллати тоҷик!

СОҲИБКОРИ СЕЮМ ДАР МИҚЁСИ ҶУМҲУРӢ, КИ…

Зайлобиддин Мақсудҷонов (ҳамроҳи бародаронаш) соҳибкори сеюм дар миқёси кишвар ва якум дар ҳудуди вилояту ноҳия аст, ки аз ҳисоби худ  мактаб бунёд кардаву ба насли навраси меҳани худ ҳадя кардааст. Вақте ҳамин нуктаҳоро барояш бозгӯ намудем, хоксорӣ карду гуфт, ки ин рисолати ман аст, чун зодаву парвардаи ҳамин диёр ҳастам.

—Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки воқеан дастоварди нодир аст, дар дасти мо, фарзандон миллати тоҷик аст,—мегӯяд Зайлобиддин Мақсудҷонов. Пешвои муаззами миллат низ беҳуда нагуфтаанд, ки диёрамонро ба ҷуз худи мо каси дигаре обод намекунад. Эътимодам комил аст, он маблағе, ки барои бунёди мактаб масраф намудем, бегумон тӯли солҳои минбаъда якчанд карата ба мо бармегардад, чун дар ин мактаб насли мо савод меомӯзад, таҳсил мебинад ва баъдан ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуда чун мутахассис баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат мекунанд.

Таҳмина МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.