Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон дар Ашт

 1 417 боздид

Субҳи имрӯз дар маркази ноҳия шаҳраки Шайдон чорабинии идона оид ба Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Сайри китоб” баргузор гардид.

Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳия дар баромади худ қайд кард, ки китоб дар назди мардум қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд, бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва гирудори зиндагӣ ва ҷавшани танаш бошад.

Рустам Одизода мудири бахши фарҳанги ноҳия зикр дошт, ки моро зарур аст то таваҷҷуҳи кӯдакону наврасонро ба китобу китобхонӣ зиёд намуда, барои баланд бардоштани маърифати кӯдакону наврасон ҳиссагузор бошем.

Мақсад аз баргузории  Фестивали ҷумҳуриявии   “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” ин ҷалби наврасону кӯдакон, ки ояндасози миллати тоҷик мебошандба китобу китобхонӣ ва бештар рӯ овардан ба асарҳои бадеӣ мебошад.

 

 

 

 

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.