ҲАР КАС САРБОЗ ШУДА НАМЕТАВОНАД!

 972 боздид

Бахшида ба   Рӯзи Артиши миллӣ дар боғчаи бачагонаи №4, “Сафина”-и ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт барномаи театрикунонидашудаи ҷолиб баргузор шуд.

Аввалан Суруди миллии кишвар бо маҳорати хосаву самимияти беандоза аз ҷониби кӯдакони соҳибистеъдод сароида шуд. Кӯдакон дар васфи Ватан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳифзи меҳан аз душман ва дӯст доштани ҳар зарраи хоки Ватан шеъру тарона хонданд.

**Ватан тору пуди вуҷудам туӣ,

Ватан қиблагоҳи суҷудам туӣ!

**Кишвари ховарӣ,

Лаҳҷаи ту дарӣ.

Бар ту халқи ҷаҳон,

Мекунад боварӣ…

Ай Ватан, ай Ватан,

Тоҷикистони ман!

**Ҳар кас сарбоз шуда наметавонад!

Баъди қироати шеърҳои ватандӯстона навбат ба рақсу суруд ва саҳнача расид. Ҳамаи сурудҳои пешниҳодшуда ва ҳатто таронаҳои рақсӣ саропо дар бораи меҳри беандозаи Ватан суруда шуданд.

Иҷрои нақшҳои саҳначае, ки мавзӯи гусели наваскарро дошт, хеле бо маҳорати баланд ва самимона пешниҳод карда шуд. Ин кӯдакони бомаҳорат ҳатто тавонистанд таҳти мусиқӣ чанд машқу тамринҳои ҳарбиро нишон диҳанд.

Дар анҷом аз ҷониби муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва раиси ҷамоати деҳоти Понғоз Бахтиёр Турсунзода ҳамаи кӯдакони ширкаткарда бо Сипосномаву туҳфаҳо қадр шуданд.

Ёдовар мешавем, ки сарварии боғчаи мазкурро Турсунова Нигина ба уҳда дорад. Тибқи иттилои ӯ айни замон дар боғча 130 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.

—Барои пурмазмуну хотирмон гузаронидани чорабинии имрӯза нақши мураббияи ҷавону серғайрати мо Нуринисо Юсуфӣ ва роҳбари мусиқӣ Хушбахт Пӯлотов калон аст,—гуфт Н.Турсунова.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.