ҲАЁТИ САГОНА

 565 боздид

Мавзӯе, ки айни ҳол баррасӣ ва расонаӣ мекунем, имрӯз тавассути ҳамаи намуди ВАО бозгӯ мешавад: инъикоси фаъолияти аъзоёни ТЭТ ҲНИ. Эътимод мебандем, маводи зер ба гӯши хонанда бирасад, ӯ эҳсос намояд, ки зодаву парвардаи Ватан будан рисолати муқаддас асту масъулияти баланд мехоҳад. Бегумон калимоти Ватан, Модар, номусу ор, ғурури миллӣ, билохир Одам будан бо ҳуруфи бузург барои аъзоёни ин ҳизби ифротӣ бегонаанд ва аниқ ҳам аст, ки ин калимаҳои муқаддасро онҳо вақти гуреза шудаву тарки меҳан намудан аз фонди луғавиашон дур кардаанд.

Борҳо ниқоби ин хоинони миллатро кушодему боз хоҳем кушод, чун мо ватандор ҳастем, Ватани худро бо ҳама буду набудаш, норасоиву пастиву баландиҳош, бо бурду бохташ баробари модар дӯст медорем.

Биёед, як мисоли оддӣ меорем: оила ячейкаи асосӣ ва ибтидоии ҷомеа маҳсуб меёбад. Ва агар таваҷҷуҳ карда бошед, оилае нест, ки новобаста аз сарватманд, миёнаҳол ва камбизоат буданаш, камбудӣ надошта бошад. Аммо вақте аъзои оила камбудиву норасоиҳои оиларо бозгӯ мекунад, метавонад аъзои оила бошад? На! Аъзои оила агар заррае номусу ғурур дорад, камбудиҳои оиларо дар дохили оила ислоҳ мекунад, на ба ҳар нафари пешомада баррасӣ мекунад. Намегузорад, ки нафари бегона ба оилааш бо нигоҳи манфӣ назар дӯзад. Барои пешравии оила тамоми имконияташро ба кор мебарад.

Пас, Тоҷикистон низ як оила аст, оилаи бузурги тоҷикон! Оне, ки дур аз Ватан норасоиҳои миллати худро расонаӣ кард, пешравиҳояшро нодида гирифт, бегумон тоҷик нест!

***Хуб, сари мақсад меоем. Айни ҳол мехоҳам, дар бораи оне маълумот диҳам, ки яке аз роҳгумзадагон, думрави ифротиҳост. Нафаре, ки чун саги аккосӣ монанди ҳамтоёнаш берун аз Ватан истода, бар зидди давлату ҳукумат, бар зидди Ватан-Модар сухан мегӯяд. Шармандавор камбудиҳои ислоҳпазири Тоҷикистонро расонаӣ мекунад, тарсувор аз меҳан гурехтаву ба намакдони шикамашро серкарда туф мекунад! Оре! Шояд навиштаҳои боло дағалона ба чашм расанд, аммо дар муқобили навиштаҳои касифонаи ӯву ӯҳо ҳеҷанд.

Шералиев Абдуманнон. Зодаи деҳаи Сарои ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт. Падараш Шералиев Абдувалӣ яке аз арабшиносон ва тарҷумони ҳамин забон буда, солҳои 80-уми асри пеш дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пайи иҷрои хизмати Ватан ҷон бохтааст. Намехоҳам ба иззати нафси А.Шералиев расам, аммо чунин инсон фарзанди арзандаи падари ҷонфидои худ нест!

Шералиев Абдуманнон боз ду бародар дорад: Фаромӯз ва Мубориз, ки онҳо низ пайи қадамҳои бародари калонӣ равонанд. Боиси зикр аст, ки ин ду бародар вақти ташрифи намояндагони ТЭТ ҲНИ онҳоро роҳбаладӣ кардаанд. Шералиев А. вақти иқомат доштанаш дар ноҳия нуқтаи чиптафурӯшии ширкати ҳавопаймоии “Шероз” ва ҳамчунин чанд мағозаи фурӯши китобу фиттаҳои муҳтавои динидошта кушода буд.

Бародараш Шералиев Фаромӯз—толибилми ғайрирасмии Мадрасаи “Ал-Мадина-ал-Мунаввара”-и Арабистон тахмин солҳои 2014 бо ҳамроҳии ҳамсараш Шералиева (Ҳоҷиматова) Муҳаббат Ҳамроқуловна (хоҳари раиси бахши ТЭТ ҲНИ дар н.Ашт Ҳоҷиматов М.) писараш Марвони Фаромӯз ва духтаронаш ба шаҳри Дубайи АМА сафар мекунад. Тибқи маълумоти дастрасшуда дар кишвари мазкур бо ваъдаҳои бардурӯғи фиристонидани автомашина аз як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон маблағҳои пулӣ гирифта, баъдан ғайб мезанад. Сипас, муайян мегардад, ки моҳи декабри соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Дубай қарор доштан ӯ шомили гурӯҳи террористии “ДИИШ” гашта, бо даъвати аъзоёни он ба ҳудуди давлати Сурия меравад ва ба ҳайси тарҷумони пешвоёни он фаъолият мекунад. Тибқи овозаҳо ӯ дар яке аз муҳорибаҳои ҳудуди Сурия вафот кардааст (то чӣ андоза воқеъият доштани марги ӯ маълум нест). Баъдан ҳамсараш ҳамроҳи фарзандон ба шаҳри Мосули Ироқ сафар мекунанд ва айни ҳол ҳамон ҷоянд. Писараш Марвони Фаромӯз низ шомили ташкилоти террористии “ДИИШ” аст ва тариқи расонаҳои интернетӣ бо даъвати шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати пайвастан ба ин гурӯҳи тундгаро машғул аст, яъне “бо сари баланд” кору пайкори падарашро идома медиҳад.

Бародари дигари оила Шералиев Мубориз низ ҳамқадами пайвандони худ аст. Бо ҷурми ҷонибдории ақоиди ташкилоти тундрави Салафия буданаш зиндонӣ шудаву моҳи октябри соли равон дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” озод шудааст.

Ин аст, порчае аз фаъолияту ҳаёти се бародар, ки ифротӣ шудаанд.

Мегӯянд, аксар вақт фарзандони оила ба фарзанди бузурги хонадон пайравӣ мекунанд: дар ин самт А.Шералиев “қаҳрамонӣ” кардааст, бо роҳу равиши “дурусти” интихобкардааш ба қавле ба сари бародаронаш об рехтааст.

***Вақте  саҳифаи фейсбукии Абдуманнон Шералиевро мутолиа мекунед, дар ҳайрат меафтед. Нафаре бо чунин ҷурму гуноҳ чӣ гуна тавонистааст, бар зидди давлату ҳукумат баромад кунад? Кӣ ба ӯ ҳуқуқ дода, ки камбудиҳои ночизи Тоҷикистонро расонаӣ созад? Вақте дигареро ба риштаи таҳлилу танқид мекашӣ, аввал ба пасу пеши худат бингар! Худат кӣ ҳастӣ? Барои Ватан ҷуз хиёнату дасисаву аз таҳи нохун чирк ҷустан чӣ кор кардаӣ? Ду бародарат ифротӣ, модарат шабу рӯз чашм ба роҳ, пайвандонат сарсону шармзада ва ҳамдиёронат аз ту ҳазар доранд!

***Дар яке аз нигоштаҳояш дар саҳифаи Фейсбук навиштааст: “Ҳукумати ноҳияи Ашт ва сойти “Тоҷикистон таймс” бояд аз домулло Саъдулло ва даҳҳо зани сокини ноҳия узр пурсанд!… “махлуқе бо номи Фарзона Муродӣ, махлуқи худобехабар”…

Хуб, агар навиштани ҳақ журналистро ҷинояткору махлуқ созад, пас он кору кирдорҳое, ки ӯ ва ӯ баринҳо берун аз Ватан бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон мекунанд, чӣ амалест ва чӣ подошу ҷазо металабад?  Охир, махлуқи худобехабар шояд ӯву ҳамтоёнаш бошанд, ки зидди Ватану модар мебароянд?

А.Шералиев дурӯғҳои мақоларо чунин овардааст: 1.деҳаи Саро на ба ҷамоати шаҳраки Шайдон, балки ҷ.д. Понғоз тааллуқ дорад; 2. Мадраса на дар д.Саро, балки ш.Шайдон қарор дошт… Магар ҳамин иштибоҳҳоро метавон нақд кард? Ва бо таҳдид ҳам кардааст, рӯзе мерасад, барои ин тӯҳмат дар назди мардум ва қонун ҷавоб медиҳед!

Кадом мардум ва кадом қонун?! Ҳамон мардуме, ки ту имрӯз мехоҳӣ ҳаёти осоиштаашро вайрон кунӣ? Ва ё ҳамон қонуне, ки имрӯз худат нуктаҳояшро ба назар намегирӣ?

***Дар ҷойи дигаре нигоштааст: “Масалаи баҳс бо фейкҳои фурӯмоя мисли ин аст, ки тирезаи хонаат ба сӯйи кулбаи саги ҳамсоя боз бошад ва ҳар гоҳ назди он тиреза рафтӣ, саг туро дида ба аккос задан дарояд. Ва ту низ ба он саг посух диҳӣ, ки дар натиҷа аккосзаниаш бештар ва баландтар мешавад. Баъд шикоят кунӣ, ки саг рӯзат намедиҳад. Дар ҳоле, ки метавонӣ он тирезаро бандӣ, то на саг туро бинад ва на ту ӯро.” Ин ҷо сухан дар бораи фейкҳо меравад. Аммо нависандаи ин “андешаҳои нодир” боре фикр кардааст, ки Ватани фейк куҷост? Ватанаш ҳамон давлатҳои Аврупову Амрикост, ки айни замон ӯву ӯ баринҳо чун саги кӯча ба сар мебаранд. Ва ҳамон сагони аккосӣ ҳамтоёни туанд, ки беист аккос мезанед!

***А.Шералиев дар навиштаҳои дигари фейсбукиаш аз Иди себ изҳори норозигӣ мекунад: “Намешавад, ки тамоми рӯзҳои солро ид эълон кунем? Масалан, шафтолуву ноку гелос чӣ гуноҳ доранд, рӯзеро барояшон ид эълон накардаанд?”

Магар ҳамин мавзӯи баҳсбарангез аст? Иди себ ба кӣ зарар оварда? Иди себ таҷассумгари ватани мева будани Тоҷикистони биҳиштосо, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва билохир намоиши дастранҷи деҳқон аст. Марди деҳқоне, ки бо меҳнати ҳалол ва дар Ватан барои мардумонаш дастархони пурнозу неъмат меофарад, на чун туву ту баринҳо аз ҳисоби маблағи хоҷагони хориҷӣ дастархон меорояд.

***Боз як нашре аз навиштаҳояш: “Фикр мекардам, мухлисони футбол пирӯзии наврасони тоҷикро ба хотири дастгирии равонӣ “пешгӯӣ” мекунанд. Аммо маълум шуд, ки бисёриҳо ба пирӯзӣ бар яке аз беҳтарин тимҳои ҷаҳон бовар доштаанд. Яке аз хусусиятҳои тоҷикон ин аст, ки ҳамеша ба мӯъҷиза умед мебанданду бовар мекунанд ва вақте он рух надод, боз меранҷанд”.

Ин ҷо нависандаи ин сатрҳо, яъне А.Шералиев дар назари хонанда чун намояндаи миллати дигаре намудор мешавад. Маълум аст, ки ӯ ҳатто аз бохти футболбозони тоҷик шод аст. Охир, наход тоҷик тоҷикро нақд кунад? Туро модари тоҷик назоидааст? Ё чанд мӯъҷизаҳои Тоҷикистонро намедонӣ? Медонӣ! Аммо худро ба нодонӣ мезанӣ. Чашмони манфури туву ту баринҳо фақат камбудӣ меҷӯянд.

***Чунин инсонҳоро намехоҳӣ ҳатто инсон хонӣ. Дар як гӯшаи сабзи Тоҷикистон аз домони модари тоҷик тавлид шудаву ҳамин ҷо ҳарфу ҳиҷо омӯхта, ҳамин ҷо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳамин ҷо ба по рост шуда, баъдан озими давлати дигар шудану дар саҳфаи Фейсбук зодгоҳро Александрия сабт намудан ва то қадри имкон берун аз Ватан чун хоин ба риштаи таҳлилу танқид кашидани ҳаёти зодгоҳу меҳан—ин аст ҳаёти сагонаи ӯ ва ӯ баринҳо!

Войи модару ҳайфи хоки поки Тоҷикистон!

ВАТАНДОР

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.