Ҳидояти ҷавонон ба ҳимояи Ватан

 889 боздид

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017-Соли ҷавонон” ва таъсисёбии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони муассисаҳои таълимии №5,38,50 ва 51-и ноҳия дар мавзӯи “Ҳидояти ҷавонон ба ҳимояи Ватан” вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Обода Ашӯрова, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия иброз дошт: “Ҷавонон, ки насли ояндасози давлат ба ҳисоб мераванд бояд дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия ёбанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, ки ин яке аз ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон мебошад”.

Дар идома Обода  Ашӯрова таъкид дошт, ҷавонон барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат талош намуда, барои пешбурди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар охир ҷавонон баромад намуда қайд карданд, ки чун нерӯи пешбарандаи ҷомеа баҳри ободию бунёдкорӣ ва созандагии ватани маҳбубамон-Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Баргузории чунин вохӯриҳои судманд дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ дар назар аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.