“ҲОСИЛ—2020” АШТ: ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛИ “ТИЛЛОИ САФЕД” ДАР ҶДММ “РАХШОНА”

 177 боздид

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Рахшона”, ки роҳбараш Шуҳрат Мамадҷонов мебошад,  дар вилояти Суғд аз зумраи пешқадамҳо маҳсуб меёбад.

Имсол аҳли меҳнат дар ҶДММ “Рахшона” ба майдони 915 гектар пунбадона кишт намуда,  ҳосили фаровон рӯёниданд. Тавре  иттило дода шуд, аз 915 гектар пахта, 301 гектараш ба ҶДММ “Рахшона” вобаста буда,  боқимонда 614 гектар ба таври иҷоравӣ дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои мухталиф кошта шудааст.  Даврон Охонҷонов, муовини раиси хоҷагии мазкур  дар суҳбат бо мо гуфт:

—ҶДММ “Рахшона”   кӯшиш менамояд, ки ҳамасола тибқи дастури Ҳукумати мамлакат майдони кишти пахтаро зиёд намояд. Бо талоши аҳли заҳмат соли гузашта аз ҳар гектар майдони пахта 33 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда будем ва имсол бошад,  аз ҳар гектар  35 сентнериро интизорем.

Тавре масъулин баён намуданд, ҳамарӯза беш аз 100 нафар бо ғунучини ҳосили “тиллои сафед” машғуланд. Дар байни чинакчиён бонувоне ҳастанд, ки дар 1 рӯз то 170 килограмм “тиллои сафед”-ро  ба хирман мерезанд.  Яке аз чунин чинакчиёни моҳир Лайло Шарипова мебошад. Ӯ 12 сол инҷониб дар саҳро бо ғунчини пахта машғул буда, дар мавсими пахтачинӣ  дар 1 рӯз беш аз 150 килограмм  “тиллои сафед” ҷамъоварӣ менамояд. Лайло мегӯяд:

—Ман 5 сол боз дар ҶДДМ “Рахшона” пахта мечинам ва барои мо, меҳнаткашон, тамоми шароити лозима, аз ҷумла, таъмини саривақтии нақлиёт ва ҳам маблағи пахтаи чидашуда фароҳам оварда шудааст. Баробари ин дар вақти дилхоҳ масъулин музди меҳнатамонро  пардохт мекунанд.

Ҳамзамон Ғаниева Мавлуда, Рӯзиева Гулмира, Бобоназаров Холида, Юсупова Зевара бо чидани пахтаи зиёд дар иҷрои дурнамои хоҷагӣ ва ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд.

Ҳаётҷони ОДИЛ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.