ҲУКУМАТИ ЯПОНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН 5 ЛОЙИҲАИ НАВ АМАЛӢ МЕНАМОЯД

 276 боздид

11 декабр дар Cафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи нав ба тасвиб расид.  Маблағи умумии грантҳо 435 940 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 

Бино ба маълумоти хабарнигори АМИТ «Ховар», созишномаҳоро Сафири Фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Миясита ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 5 шаҳру ноҳияҳо ба имзо расониданд.

Аз ҷумла, бо раиси ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода ба маблағи 89 150 доллари ИМА «Лоиҳаи сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Балҷувон», бо раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ба маблағи 90 900 доллари ИМА «Лоиҳаи барқарорсозии системаи хати гармидиҳии беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Конибодом», бо  раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба маблағи 90 000 доллари ИМА «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббии рентгени рақамӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт», бо раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода ба маблағи 90 210 доллари ИМА «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳаи Сурхобчаи ҷамоати Исмоили Сомонӣ  ноҳияи Деваштич» ба тасвиб расонида шуд.

Инчунин бо директори Беморхонаи марказии «Шифобахш» Хизматулло Шамсзода ба маблағи 75 680 доллари ИМА «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои касалиҳои чашми беморхонаи миллии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе» ба имзо расонида шуд.

Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Япония дар самтҳои мухталиф дар саросари мамлакат амалӣ гашта, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд.

АМИТ “Ховар”

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.