Иди саиди Фитр дар ноҳияи Ашт таҷлил гардид.

 374 боздид

Субҳи имрӯз, 21.04.2023 , Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф, Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба масҷиди ҷомеи “Нури имон”-и Ҷамоати деҳоти Понғоз ташриф оварда, сокинони ноҳияро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик намуданд.

   Нахст, муовини Раиси вилояти Суғд табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, кулли мардуми шарафманди ноҳияро аз номи роҳбарияти вилоят табрику муборакбод намуд.

Сипас, Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро ба муносибати Иди саиди Фитртаҳният намуд.

Баъдан, Раиси ноҳия дар сухани табрикии худ иброз дошт:

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи табрикоти шодбошиашон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон барҳақ қайд намуданд, ки “Моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтимоли якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.»

Маврид ба зик аст, ки дар ин рӯз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масҷидҳои ҷомеи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ташриф оварда, Паёми табрикии роҳбарияти ноҳия ба муносибати Иди саиди Фитр ба самъи сокинон расониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.