Идомаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Ашт

 3 569 боздид

Дар Ҷамоати деҳоти Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ босурат ҷараён дорад.Тибқи иттилоъи раиси Ҷамоати деҳоти Ашт Шавкат Ёрматов зиёда аз 10 километр дар Аштсой соҳилмустаҳкамкунӣ карда шуда, ҳанӯз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад.

 

 

 

 

 

 

 

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Ҷамоати мазкур ташриф оварда, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дидан кард. Роҳбари МИҲД-и ноҳия таъкид дошт мо бояд дастҷамъона барои ободии диёр талош кунем.

Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ саҳми сокинони ҷамоат низ назаррас мебошад. Хотирасон менамоем, ки барои корҳои барқарорсозӣ 16 тонна сӯзишворӣ ба Ҷамоати деҳоти Ашт тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.