Идомаи мулоқот бо сокинон

 1 046 боздид

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вохӯриву мулоқот бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, аз санаи 12-уми июн ин ҷониб бо сокинони ноҳия мулоқот доир намуда истодаанд.

Чунин мулоқоти судманд имрӯз дар ҷамоати деҳоти Ашт, Ориён ва Пунук баргузор гардид, ки дар он роҳбари гурӯҳ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, шоир ва сармуҳаррири Муассисаи давлатии нашриявии “Ирфон” Ҳабиб Сулаймонӣ ва раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот Зинатулло Исмоилзода аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар гардид.

Баъдан Ҳабиб Сулаймонӣ аз эъҷодиёти худ баҳри ҳозирин дар васфи ваҳдати миллӣ ва Тоҷикистон шеърҳо қироат намуд.

Ёдовар мешавем, ки чунин мулоқот дар ҷамоатҳои Понғоз, Шайдон, Меҳробод, Ошоба ва Шодоба низ баргузор гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.