ИФРОТГАРОӢ ЧУН КИРДОРИ НОМАТЛУБ

 437 боздид

Аз рӯзе, ки мо Истиқлолият ба даст овардем, дар ҷумҳуриамон як қатор қонунҳои соҳавие қабул гардиданд, ки ин ё он соҳаи ҷамъиятиро ба танзим медароранд. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ», санадҳои дигари қонунгузорӣ ва асноди ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳад.

Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул карда шуд, ки мақсад аз қабули он пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм», ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфта мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.
Вобаста ба чигунагии амалҳои худ, ифротгароӣ ба намудҳои гуногун ҷудо мешавад. Ифротгароии динӣ, сиёсӣ, миллию этникӣ ва идеологӣ. Имрӯзҳо ифротгароии динӣ ба худ маънии васеъ пайдо кардааст. Дар бораи ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми асри XX рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракати «Толибон», «Ал-Қоида» ва «Ҳизб-ут-таҳрир» мушоҳида карда метавонем. Дар Ғарб бошад, ифротгароии масеҳӣ низ вомехӯрад.
Мо, миллати тоҷик, дар ҳар шакле, ки набошад, ифротгароиро қабул надорем ва онро шадидан маҳкум менамоем. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза чӣ амалҳои ифротгароӣ ва чӣ амалҳои террористӣ зуҳуроти номатлуб мебошанд. Ифротгароиву терроризм, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мегардонад. Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI амали бо номи «Терроризм» қувват гирифт.
Таърихи пайдоиши мафҳуми терроризм ба соли 1792 рост меояд. Террор ба забони муосир дар давраи инқилоби Фаронса бо кӯшиши жирондистҳо ва якобинчиён ворид шуд. Онҳо соли 1792 муттаҳид шуда, хостанд шоҳро маҷбур кунанд, то вазирони ҳукуматро бо роҳбарони гурӯҳҳои тундрави чап иваз кунад. Маҳз ҳамин вақт ходимони инқилоб эълон карданд: «Бигзор, террор масъалаи рӯз бошад».
Мутахассисон шаклҳои зуҳури терроризмро ба намудҳои гуногун ҷудо мекунанд. Терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ. Аз рӯйи хислати иҷтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ ҷудо мекунанд.
Мутаассифона, рӯз то рӯз амалҳои террористӣ дар ҷаҳон зиёд гашта истодаанд. Масалан, аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфтааст ва аз соли 1980 то соли 1986 ин шумора ду баробар афзудааст. Тибқи ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА, ҳамасола дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад.
Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки даҳҳо абармардони таърих ҳангоми рух додани амалҳои террористӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар мисоли он мо гуфта метавонем, ки сарвазири Ҳиндустон — Индира Гандӣ 31 октябри соли 1984 аз дасти террористони сикх ба қатл расонида шуд. Солҳои 1990-1993 созмони террористии «Палангони озодибахши Талим Илама» дар Шри-Ланка қатли якчанд шахсияти сиёсӣ, аз ҷумла сарвазири Ҳиндустон — Раҷив Гандӣ (1991), президенти Шри-Ланка Ранасингх Премадас (1993) ва дигар ходимони баландрутбаи давлатию низомиро ба қатл расонидаанд. 9 сентябри соли 2001 фарзанди фарзонаи миллати афғон, вазири мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд зери ҳамлаи террористӣ қарор гирифта, аз тарафи ду нафар наворбардори араб, ҳангоми мусоҳиба додан ба қатл расонида шуд. Аз ҳама амалиёти террористии даҳшатнок дар рӯйи ҷаҳон 11 сентябри соли 2001 дар ИМА рух дода буд. Дар ин рӯз ҳавопаймоҳои мусофирбари «Боинг», ки аз тарафи террористон гирифта шуда буданд, ба бинои дугоники Маркази савдои ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ва бинои Вазорати мудофиаи Амрико (Пентагон) зада шуданд. Дар натиҷа, қариб 3000 нафар мардуми бегуноҳ кушта шуд. Ин амали террористӣ ба иқтисодиёти ИМА зиёда аз 120 млрд. доллар хисорот ворид сохт. Ба ин амали террористӣ созмони «Ал-Қоида» бо сарварии Усома бен Ладен гунаҳкор дониста шуд. Усома бен Ладен бошад, аз тарафи Амрико террористи рақами як эълон карда шуд. Пас аз ин амали террористӣ дар Ғарб дар бораи терроризми исломӣ суханҳои зиёде меравад, ки ин андешаҳо комилан ғалат мебошад. Ислом ба монанди дигар динҳои ҷаҳонӣ нисбат ба хушунату зӯроварӣ муносибати манфӣ дорад. Ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад.
Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1990 инҷониб чандин амалҳои террористӣ анҷом дода шудаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар беш аз 200 гурӯҳи трансмиллии террористӣ дастгир ва сарнагун карда шуданд. Ин гурӯҳҳои террористӣ дар маҷмӯъ, беш аз 3000 ҷиноят, аз он ҷумла 170 амали террористӣ содир намудаанд.
Дар ҳар давраи таърихӣ симоҳои манфие пайдо мешаванд, ки мехоҳанд ба давлату миллати хеш зарар расонанд. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза аксари ин гуна шахсиятҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бархе ҷавонҳои ҷоҳилу нодони имрӯза бо ақидаи оне, ки бар зидди ноадолатиҳои замона мубориза мебарем, силоҳ ба даст гирифта, зери шиори ба ном ҷиҳод, мардуми бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд. Онҳо ин амалҳои номатлуби худро аз номи дин ба анҷом мерасонанд. Дар ҳоле ки дар дини мубини ислом хушунату даъво қатъиян манъ аст. Имрӯзҳо бархе аз ҷавонон бо роҳи фиреб, бо ваъдаҳои хушку холӣ, ба давлатҳои ҷангзада барои амалҳои номатлуби террористӣ ҷалб мегарданд.
Террористон аҳолии осоиштаро ба ҳалокат мерасонанд, иншооти гуногуни давлатию ҷамъиятиро валангор намуда, занону кӯдаконро ба асорат мебаранд, ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро нобуд мекунанд ва даҳҳо амалҳои номатлуби дигарро ба сомон мерасонанд. Оё сохтани муассисаҳои таълимӣ беадолатӣ аст? Оё бунёд намудани иншооти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ беадолатӣ аст? Оё таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбат ба занону духтарон, ки барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст беадолатӣ аст?
Террористон, ҳатто масҷидҳову ятимхонаҳоро низ метарконанд. Дар ҳоле, ки масҷид дар дини ислом ҷои муқаддас барои парастишу ибодат аст. Дар дини мубини ислом, ғамхорӣ намудан ба ятимон кори савоб ва аҷри бузурге ба ҳисоб меравад. Ҳатто сари ятимеро сила кардан худ савоб мебошад. Пас хулосае ба миён меояд, ки инҳо на мусулмонанду на ободкунандаи дини мубини ислом. Инҳо ҷиҳодро барои мақсади нопок ва амалҳои ғаразноки хеш истифода мебаранд. Террористон танҳо як мақсад доранд, ин ҳам бошад, ба даст овардани маблағ ва боигарӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, аз он давлатҳое ба шумор меравад, ки зидди ифротгароӣ ва терроризм мубориза мебарад. Имрӯзҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, абармарди таърих, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон таъкид карда мешавад, ки хонанд ва аз амалҳои террористию ифротгароӣ дур бошанд.
Хулоса, мо ҷавонон, дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза бояд дарк намоем, ки ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста баҳри омӯхтани илм талош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи зуҳуроти манфии ҷомеа намегардад.

Шодмонҷон НУРУЛЛОЗОДА,
донишҷӯи курси 2 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.