Ифтитоҳи Коргоҳи мебелсозии “Муҳаммад” дар Ашт

 3 944 боздид

Имрӯз, дар маркази ноҳия шаҳраки Шайдон бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозии “Муҳаммад” ба истифода дода шуд.

Бо эълон гардидани Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ифтитоҳи боз як коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозии “Муҳаммад”, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муссоев Умедҷон бо арзиши 750 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, туҳфаи арзанда ба мардуми ноҳия мебошад.

Дар расми кушодашавии коргоҳи хурди дуредгарӣ ва мебелсозии “Муҳаммад” роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пас аз бурридани лентаи рамзӣ зикр дошт, ки : “Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сохтмону ба истифодадиҳии як қатор иншоотҳои нави таъиноти гуногун идома ёфта истодааст, ки  дар иҷрои ин иқдомҳои нек саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланд калон аст. Бовар дорам, ки мардуми ноҳия, соҳибкорону саховатмандон, ташаббускорон бо кору фаолияти созандаи худ дар баланд бардоштани натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия саҳми сазовор мегузоранд”.

Оимбону Муссоева соҳибкори маҳҳалӣ дар баромади худ иброз дошт, ки минбаъ сокинон метавонанд, маҳсулотҳои ниёзи худро аз инҷо дастрас намоянд. Маҳсулотҳое, ки имрӯз коргоҳи мо истеҳсол мекунад, аз дигар корхонаҳои саноатӣ фарқияти надорад. Муҳим аз ҳамма нархи молу маҳсулоти мо дастрас аст.

Мавриди зикр аст, ки коргоҳи мазкур минбаъд фаъолияти худро дар ҳамкории мутақобила бо ширкатҳои “Арча” ва “Silkcoлt” ба роҳ монда, ҳама гуна хизматрасониҳо, аз қабили сохтани мебелҳои гуногун, ҷевону тахти хоб, мизу курсиҳои гуногунҳаҷми мутобиқ ба завқи мизоҷ ва дару тирезаҳои чӯбину пластикӣ роҳандозӣ менамояд. Айни замон дар ин коргоҳ 12 нафар ҷавонон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.