Ифтитоҳи корхонаи коркарди “Санги хоро” дар ноҳияи Ашт

 1 071 боздид

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ашт, ки рӯзи ҷумъаи 8 июн сурат гирифт, дар маросими баистифодадиҳии корхонаи коркарди “Санги хоро” ширкат варзид.

Тавре зимни ифтитоҳ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, корҳои сохтмонии корхонаи коркарди “Санги хоро” моҳи апрели соли 2018 бо маблағи лоиҳавии 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Абдулҳақ Бобоҷонов оғоз гардида, июни соли 2018 ба итмом расонида шуд. Корхона дар 1 сол то 3000м2 санги хороро коркард ва истеҳсол намуда, захираи ашёи хом зиёда аз 158 ҳазор м3 мебошад. Таҷҳизотҳои замонавии коргоҳ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид ва насб гардидааст.

Дар корхонаи коркарди “Санги хоро” 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамзамон, кормандон бо хӯроки яквақтаинаи гарм ва онҳое, ки аз роҳи дур  меоянд, бо ҷойи хоб ва нақлиёти хизматӣ таъмин мебошанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи коргоҳи мазкурро туҳфаи хубе барои сокинони ноҳия дар арафаи Иди Ваҳдати миллӣ арзёбӣ кард. Ба роҳбарияти корхона дастур дода шуд, ки доираи фаъолиятро марҳила ба марҳила васеъ намуда, барои ташкили ҷойҳои кории иловагӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.