Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод

 532 боздид

Имрӯз 29 июли соли равон Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба Ҷамоати деҳоти Меҳробод сафар намуд.
Дар ҷараёни сафар Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, дар маросими баистифодадиҳии майдончаи варзишии замонавӣ дар деҳаи Долонаи Ҷамоти деҳоти Меҳробод иштирок кард.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкор Муссоев Аҳрорҷон бунёд карда шудааст. Масоҳати майдончаи варзишӣ 42 бар 22 метр буда, барои бунёди он 200 000 сомонӣ масраф гардидааст.
Зимини суханронӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зикр дошт, ки : “Ҳамагуна иқдому ташаббус ва таклифу пешниҳоди мардумро дар обод намудани як гӯшаи диёр датгирӣ намуда, баҳри амалӣ намудани он шароитҳои мусоидро фароҳам меоварем”
Зикр кардан ба маврид аст, ки баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ, баргузории чорабиниҳои варзишӣ- маърифатӣ давоми се соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ҳаҷми маблағгузорӣ дар ин самт сол аз сол зиёд гардида истодааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.