Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт

 1 142 боздид

Рӯзи 8 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ноҳияи Ашт сафар намуд.

Дар ҷараёни сафар Раиси вилоят нахуст ба Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар маросими баистифодадиҳии майдончаи варзишии замонавӣ иштирок кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар майдончаи хурди варзишӣ моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, он аз ҷониби соҳибкор Насриддин Урунов бунёд карда шудааст. Масоҳати майдончаи варзишӣ 42 бар 22 метр буда, барои бунёди он 123 000 сомонӣ масраф гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ аз иқдоми соҳибкор истиқбол намуда, иброз дошт, ки бунёди майдончаи варзишӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард. Иҷрои чунин амалҳои бунёдкорона нишонаи ҳамовозии соҳибкорони вилоят бо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар изҳори умед кард, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон саъйу талош хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.