Имрӯз 20-уми сентябр дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт як озмоишгоҳи инноватсионӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи озмоишгоҳ намояндаи дафтари Юнисеф дар Тоҷикистон Лучиано Калестини, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва наврасону ҷавонони пешсаф ширкат намуданд.
Озмоишгоҳи инноватсионӣ зери сарпарасти Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаки техникии Хазинаи Кӯдакони СММ UNICEF Tajikistan ва маблағгузории Ҳукумати Бритонияи Кабир UK in Tajikistan таъсис дода шудааст.
Мақсади асосии ташкили озмоишгоҳҳои инноватсиониро намояндагони Хазинаи Кӯдакони СММ UNICEF Tajikistan рушд додани #малака ва эҷодкории наврасону #ҷавонони ноҳияи Ашт арзёбӣ карданд.
Баъди ифтитоҳи синфхона намояндагони Хазинаи Кӯдакони СММ UNICEF Tajikistan бо ҷавонони пешсаф оид ба дастовард ва навовариҳояшон мулоқот намуда, барои минбаъд дар озмоишгоҳи мавриди назар гирифтани дониши нави мутобиқ асри 21 ва тақвият бахшидан ба малакаву маҳоратро талаб намуданд.
Маркази матбуотии Раиси ноҳияи Ашт