Ифтитоҳи толори замонавӣ дар МТМУ №8

 1 215 боздид

Имрӯз, 20-уми марти соли ҷорӣ бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯз, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ба номи Ашуралӣ Ҳоҷиматови ҷамоати деҳоти Ифтихор бо иштироки и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад толори навбунёди замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи ин толор Зариф Мирдадо ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрик намуда афзуд: “Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангии мо созгоранд. Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад”.

Зариф Мирдадо дар идома илова намуд, ки дар Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд ва хонаву кошона, макони зисташонро поку озода менамоянд. Дар Наврӯз мардум ба зиндагӣ бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози мо-тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад.

Толори навбунёд, дорои 200 ҷои нишаст буда, бо харҷи  зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст.

Дар охир барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз тарафи толибилмони ин муассиса омода шуда буд, намоиш дода шуд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.