Ифтитоҳи Хонаи саломатӣ дар деҳаи Долона

 1 017 боздид

Имрӯз, 24-уми марти соли ҷорӣ дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод Хонаи саломатии замонавӣ ба истифода дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи Хонаи саломатӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, ба соҳибкорони маҳаллӣ ва фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Тавре Шуҳрат Имомназаров менеҷери КАТС-и ноҳия иттилоъ дод, Хонаи саломатии мазкур бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абюҷон Муссоев ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағи 55 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ аз моҳи марти соли сипаригардида оғоз гашта буд. Хонаи саломатӣ доро 4 ҳуҷра буда, дарозиаш 8 ва бараш 7,5 метрро ташкил медиҳад.

Инчунин сокинони деҳаи Долона бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шукргузорӣ аз тинҷиву ободонии кишвар Иди  Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.