Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт даъвати панҷум баргузор шуд

 145 боздид

27 декабри соли ҷорӣ дар МИҲД-и ноҳияи Ашт таҳти раёсати Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, ҳамзамон муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои МИҲД-и ноҳия, раисони ҷамоатҳо, муттахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муттахассисони соҳаи кишоварзӣ, сармуттахассис, муҳандис заминсоз, мутахассисони андоз, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони хоҷагиҳо, директорони мактабҳо ва сардухтурони беморхнаҳои минтақавӣ, иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, даъвати панҷум баргузор шуд.

Баъди садо додани Суруди миллӣ, интихоби ҳайати котибот, тасдиқи рӯзнома ва дастури корӣ иҷлосия ба кори худ оғоз бахшид.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома «Ҳисоботи Раиси ноҳия оиди фаъолияти МИҲД-и ноҳияи Ашт дар ёздаҳ моҳи соли 2017» ба аҳли толор расонида шуд. Якчанд нуктаҳои муҳими ин масъала аз ҷониби муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед бозгӯ карда шуд.

Нурматзода Кабир, сардори Раёсати молияи ноҳия аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи тасдиқ намудани буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2018 ва иҷрои он дар соли 2016» маълумоти муфассал дод.  Қайд гардид, ки ҳаҷми умумии буҷети ноҳия барои соли 2018 аз рӯйи даромад бо баҳисобгирии мусоидати молиявӣ (субвенсия) 65 474 000 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ҳамчунин ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои маорифу фарҳанг афзудааст.

Ширкаткунандагон аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзнома: «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ» маърӯзаи раиси комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Fудос №27 Д.Охонҷоновро шуниданд. Дар баромади ӯ баробари бозгӯйи комёбиҳои соли 2017, камбудиҳои соҳаи баррасишаванда, аз ҷумла,  аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам, иҷро нагардидани дурнамои бунёди боғҳои интенсивӣ зикр карда шуданд.

Аз рӯйи масъалаи чоруми рӯзнома ширкаткунандагон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Бободархон №8, Ибрагимов Анварҷон Ашурқуловичро оид ба иҷрои ваколати вакилиаш шуниданд.

Аз рӯйи масъалаи панҷум «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохти ҳатмии алоҳида» вакилон қарорҳои далхдор қабул намуданд.

Оид ба номгузорӣ: аз ҷумла тағйир додани номи якчанд деҳаву маҳалла, мавзеъ ва кӯчаҳо муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ баромад намуд.

Дар иҷлосия намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ иштирок ва баромад кард. Дар самти иҷро нашудани се намуди андоз (ба буҷет 1 млн. 530 ҳ.с. кам маблағ ворид шудааст), пурра таъмин нагардидани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо (90% иҷро шудааст), фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, инвентаризатсияи  боғоти кӯҳна ва коркарди химиявии боғҳои мавҷуда, ташкили гармхонаҳо, фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ пешниҳодҳои хешро иброз намуд. Ӯ соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангро соҳаҳои калидии ҷомеа арзёбӣ намуда, аз масъулин рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи ин соҳаҳоро талаб намуд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори эътимод намуд, ки камбудиҳо ислоҳшавандаанд. Бо ширкати фаъолонаи аҳли заҳмати ноҳия, меҳнати фидокорона ва кӯшиши пайвастаи дастандаркорону масъулон ва кулли меҳнаткашон ноҳияи Ашт метавонад боз ба нишондиҳандаҳои беҳтарин ноил гардад.

Баъди садо додани Суруди миллӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум ба кори худ анҷом бахшид.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *