Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум

 183 боздид

Имрӯз, 10 апрели соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Зариф Мирдадо, сардори Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳошимзода Муқаддам Дадоҷонӣ, иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, даъвати панҷум баргузор гардид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома иҷлосия ба кори худ шурӯъ кард.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», аз 19.03.13, №954 ва таъмини иҷрои “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, ширкаткунандагон маърӯзаи муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилиро шуниданд.

Тавре муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ дар маърӯзаи худ иброз дошт, дар давоми се моҳи аввали соли 2019 аз тарафи комиссияҳои доимоамалкунандаи пешгирии хушунат дар оилаҳо тибқи нақшаи корӣ дар байни сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, идораю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ баромадҳо, вохӯриҳо, суҳбатҳо, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ доир намуда, дар байни оилаҳои ҷавон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шудаанд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома, иштирокдорон «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ»-ро шуниданд.

Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия ба вакилон ва ширкаткунандагони иҷлосия  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Ҷигда №26, Қушоқов Фарҳод Такирович оид ба иҷрои ваколати вакилиаш маълумот дод.

Тибқи масъалаи охирин, иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуд.

Дар иҷлосия намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, сардори Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳошимзода Муқаддам Дадоҷонӣ, иштирок ва баромад намуд.

Дар анҷом Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳбуд бахшидан ба фаъолият бахшҳо ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла, саноат, кишоварзӣ, андоз ва молия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, бахшҳои кор бо занон ва ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Баъди садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ анҷом бахшид.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.