Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум

 519 боздид

Имрӯз, 26 июни соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим, иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия аз 40 нафар вакил 36 нафар ширкат варзиданд. Дар иҷлосия ҳамзамон муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои МИҲД-и ноҳия, раисони ҷамоатҳо, сармуттахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муттахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муттахассисони соҳаи кишоварзӣ, сармуттахассис, муҳандис заминсоз, мутахассисони андоз, сардорони мизи бақайдгирии ҳарбӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳои мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Ҷалилӣ Аниса муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар ноҳияи Ашт, баромад намуда зикр дошт, ҳадафи асосии қабули Барномаи мазкур аз таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ, беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

-Мувофиқи Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2018-2020 дар муассисаҳои таълимии ноҳия ташкили 42 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла дар соли 2018 7 адад, дар соли 2019 18 адад ва дар соли 2020 17 адад кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои фаннии ноҳия ба нақша гирифта шудааст.

-Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳое, ки ҳамасола барои соҳаи маориф ҷудо мегарданд, амалӣ карда мешавад. Масъулин, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамасола тибқи талаботи Барномаи мазкур ҷудо намудани маблағҳои заруриро бояд ба нақша гиранд.

-Барои ташкили 7 адад кабинети фаннии нақшавӣ дар соли 2018 аз ҳисоби буҷаи муассисаҳои таълимӣ 3105 сомонӣ, аз ҳисоби волидон 53537 сомонӣ ва аз ҳисоби саҳмгузорон 12955 сомонӣ ҷамъ 69597 сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст.

-Барои ташкили 18 адад кабинети фаннии нақшавӣ дар соли 2019 корбарӣ карда, дар нимсолаи аввал дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4 адад кабинети суруд-мусиқӣ, 2 адад кабинети биология, 2 адад кабинети физика ва 1 адад кабинети технологияи иттилоотӣ ҷамъ 9 адад кабинети фаннии нақшавӣ ба маблағи 31478 сомонӣ аз нав ҷиҳозонида, ба истифода дода шудааст.

-Дар муассисаҳои таълимии ноҳия айни замон 58 адад озмоишгоҳи фанни химия,  биология ва 57 адад озимишгоҳи фанни физика амал менамояд. Инчунин 48 адад кабинети фанни физика, аз онҳо 6 кабинети алоҳида, 44 синф-кабинет, 2 адад кабинети алоҳида ва 33 синф-кабинети  фанни биология, 45 адад кабинети фанни химия, аз онҳо 5 кабинети алоҳида, 41 синф-кабинет, 58 адад синф-кабинети фанни математика, 28 адад синф-кабинети  фанни географи, 70 кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, амал менамояд.

Баъдан ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодиёт ва буҷет, истифодаи инвестерҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ, Насриддинов  Машраб шунида шуд.

Сипас ширкаткунандагон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Себистон №22, Тошматова Замира Ҳайитматовна оид ба иҷрои ваколати вакилиашро шуниданд.

Оид ба масъалаи чаҳорум, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, иштироккунандагон баромади Аниса Ҷалилӣ раиси комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Аштро шуниданд.

Дар охир Вакилони халқи ноҳия як қатор қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.