ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ ДАЪВАТИ ШАШУМ

 556 боздид

Имрӯз 30 декабри соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор шуд.
Дар кори иҷлосия Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳокимҷон, муовинони раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ вакилон ва фаъолон ноҳия иштирок намуданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома “Ҳисоботи Раиси ноҳия оид ба фаъолияти МИҲД-и ноҳияи Ашт дар ёздаҳ моҳи соли 2020” Зариф Мирдадо Раиси ноҳия маърӯза намуд.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо дар маърӯзааш ҳамаи самтҳои асосии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуда зикр дошт, ки дар давраи ҳисобӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия масъалаи рафти таъмини иҷрои вазифаҳои барномавӣ, рушди соҳаҳои хоҷагии халқро зери назорати доимӣ қарор дода, барои таъмини фаъолияти бомарому самарабахш ва рушди босуръати онҳо тамоми имконияту захираҳои мавҷуда равона намуд.
-Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе дарназардошти андози иҷтимоӣ мувофиқи ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ба маблағи 41101,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл 38632,0 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 94,0 фоизи нақша буда, нисбати он 2469,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Дар давраи ҳисобӣ аз 10 манбаҳои даромад, нақшаи 4 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ пурраву барзиёд иҷро карда шуданд.
-Нақшаи ёздаҳмоҳаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 96,3% иҷро карда шуда, ба ҷойи 78464,6 ҳазор сомонии пешбинишуда, дар асл 75523,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисобӣ аз тарафи буҷаи вилоятӣ ба маблағи 45869,0 ҳазор сомонӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва 1369,8 ҳазор сомонӣ маблағи ҳисоббаробаркунӣ ворид гардидааст, ки мутаносибан баробари 100,0%-и маблағҳои пешбинишуда мебошад. Нақшаи даромадҳои худии буҷети маҳаллӣ дар ин давра 31225,8 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, дар асл 28284,7 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки баробари 90,6 фоизи нақша мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия барои ёздаҳ моҳи соли равон ба маблағи 79679,7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл ба маблағи 73324,1 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки баробари 92,0 фоизи нақша мебошад.
-Дар ёздаҳ моҳи соли 2020 дар соҳаи саноат ба маблағи 196,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 581 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот баробари 100,3% мебошад. Дар ин давра ҳамаи 14 корхонаву коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият фаъолият намуданд ва аз онҳо 10 корхонаву коргоҳҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.
-Дар ин давра дар соҳаи саноат 7611,8 тонна намаки ошӣ, 4619,6 тонна нахи пахта, 5444,5 тонна чигит, 527,2 тонна равғани растанӣ, 123,2 тонна пахтаи курпабоб, 717,7 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 1613,7 ҳазор дона хишти сохтмонӣ, 5315,2 метри мураббаъ дару тиреза, истеҳсол карда шудааст. Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 истеҳсоли равғани растанӣ – 90,4 тонна ва дару тиреза – 845,6 метри мураббаъ зиёд шудааст.
-Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2020 аз тарафи ҶСК “Намаки Ашт” ба кишварҳои хориҷии ҳамсоя ба миқдори 433,6 тонна намак ба маблағи 175,6 ҳазор сомонӣ содирот намудааст, ки аз он 200,0 тонна намаки ошии навъи “Экстра” ва 233,6 тонна намакаи техникӣ мебошад.
-Дар давоми соли ҳисобӣ бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ, дар ноҳия чор коргоҳҳои саноатӣ ташкил карда шудааст.
Дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ ташкил карда шуд, ки иқтидори истеҳсолии он 30 ҳазор дона дар як сол буда, 6 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар маркази ноҳия аз тарафи соҳибкори ватанӣ корхонаи коркарди сангҳои табиӣ – ҶДММ «Меҳри Хуҷанд» бо иқтидори солонаи 3000 метри мураббаъ ва бо таъсиси 20 ҷойи корӣ бунёд карда шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ошоба аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи дузандагӣ – ҶДММ «Азизи нур» бо иқтидори 2000 дона дар як сол бунёд карда шуда 6 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ошоба бо дастгирии бевоситаи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи истеҳсоли афшураи мевагӣ – ҶДММ “Агро Ашт” бо истифодаи таҷҳизоти муосири хориҷӣ бунёд карда шуд, ки иқтидори он истнҳсоли 2,0 тонна афшура дар як шабонарӯз буда, 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Боиси қайд мебошад, ки коргоҳи мазкур бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориашон ба ноҳия, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
-Бо мақсади таъмини чорвои ҷамъиятӣ мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда захира намудани 17000 тонна хошоки дурушт пешбинӣ карда шудааст. Ба санаи ҳисобӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба миқдори 22853,2 тонна хошоки дурушт захира карда шудааст, ки баробари 134,4 фоизи нақша мебошад.
-Соли ҳисобӣ аз рӯи сохтори кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2020 кишти баҳории зироатҳо дар майдони умумии 9427 гектар пешбинӣ шудааст, ки аз он 155 гектар ғалладона, 100 гектар ҷуворимакка барои дон, 520 гектар шолӣ, 60 гектар лубиёгиҳо, 6200 гектар пахта, 200 гектар зироатҳои равғандеҳ, 150 гектар картошка, 100 гектар сабзавот, 340 гектар полезиҳо ва 1753 гектар зироатҳои хӯроки чорво мебошад.
Барои ҳосили соли 2020 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 9617 гектар зироатҳо кишт карда шудааст, аз ҷумла дар майдони 1125 гектар ғалладонагиҳо, 6002 гектар пахта, 150 гектар картошка, 42 гектар сабзавот, 217 гектар полезиҳо ва 1839 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст.
-Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия ба миқдори 10126,0 тонна ғалладонагиҳо, 13310,0 тонна пахта, 4007,5 тонна картошка, 10377,0 тонна сабзавот, 4289,3 тонна полезиҳо, 27722,1 тонна меваҷот, 1496,3 тонна ангур, 4407,7 тонна гушт, 25891,1 тонна шир, 7346,2 ҳазор дона тухм, 214,2 тонна пашм, 32,4 тонна асал, 90,2 тонна моҳӣ ва 13,9 тонна пилла истеҳсол карда шудааст. Нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 мувофиқи ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо – 1166,0 тонна, картошка – 150,7 тонна, сабзавот – 342,2 тонна, полезиҳо – 2289,3 тонна, меваҷот – 6958,7 тонна, ангур – 8,3 тонна, гушт – 86,6 тонна, шир – 128,1 тонна, пашм – 2,4 тонна, моҳӣ – 71,7 тонна ва асал – 2,4 тонна зиёд шудааст. Дар давраи муқоисавӣ дар ноҳия истеҳсоли тухм — 158,8 ҳазор дона ва пилла 6,9 тонна кам гардидааст.
-Соҳаи пахтакорӣ — соҳаи асосӣ ва афзалиятноки кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, соли равон дар ноҳия барои таъмини рушди устувори соҳа, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта тамоми имконияту захираҳо равона карда шуданд. Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли равон дар майдони 6002 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, барои таъмини иҷрои дурнамои солона чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Вале бо сабаби номусоиди боду ҳавои давраи аввалибаҳорӣ, соли равон нашъунамо пахтазори ноҳия 15-20 дер монда, барвақт паст гардидани ҳарорати ҳаво дар моҳи ноябр ба пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва таъмини иҷрои дурнамои солона таъсири манфӣ расонид. Ба санаи имрӯза мувофиқи ноҳия 13465 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки баробари 88,0 фоизи дурнамои солона мебошад. Мувофиқи ноҳия нисбати соли гузашта 2188 тонна кам пахта истеҳсол карда шудааст. Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия соли равон 22,4 сентнериро ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи соли гузашта 2,5 сентнерӣ кам мебошад.
-Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2020 дар ноҳия дар маҷмуъ дар масофаи 206,2 километр роҳҳо таъмир карда шудааст, аз ҷумла дар масофаи 20,9 километр таъмири асосӣ, 155,1 километр таъмири ҷорӣ ва 30,2 километр роҳҳо шағалпуш карда шуданд. Барои иҷрои корҳо 6798,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 295,0 ҳазор сомонӣ аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 611,0 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ва 5892,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ маблағ сарф гардид.
-Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи сокинону соҳибкорон дар масофаи 81,5 километр роҳҳо, аз ҷумла 19,5 километр таъмири асосӣ, 32,0 километр таъмири ҷорӣ ва 30,0 километр шағалпуш карда шудааст, ки маблағи умумии он 5892,0 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Понғоз аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ 15 километр роҳи автомобилгарди “Шайдон — Понғоз” ба маблағи 18,0 ҳазор сомонӣ бо шағал васеъ ва ҳамвор карда шуда, 19 километр роҳ ба маблағи 5470,0 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш ва ба маблағи 50,0 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ карда шуд.
-Дар сатҳи ноҳия теъдоди заноне, ки вазифаи роҳбарикунандаро ишғол менамоянд, ба маротиб зиёд шуда истодааст. Аз 126 нафар хизматчиёни давлатӣ 33 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 28 нафар кадрҳои роҳбарикунанда мебошанд. Аз ҷумла, 4 нафар занон дар мақомоти иҷроия, 7 нафар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 17 нафар роҳбарони идораву ташкилотҳо, 3411 нафар дар соҳаи маориф, 693 нафар дар соҳаи тандурустӣ буда, аз онҳо 11 нафар кадрҳои роҳбарикунанда, дар соҳаи фарҳанг 107 нафар, 13 нафар кадрҳои роҳбарикунанда, шумораи умумии занони соҳибкор 17 нафар мебошанд.
-Дар ҳудуди ноҳия 33 адад ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ашт ёргории меъмории асри XIX “Масҷиди Сари Бозор”, “Мазори Чилдухтарон”, “Масҷиди Ҳаштсаҳоба”, “Меҳроби Ашт” доир ба асри VIII; дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шайдон «Мазори Бобои Шайдон», дар Ҷамоати деҳоти Ошоба «Бобои Чинор» вобаста ба асри XVIII ва инчунин дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон мавзеҳои тасвири руи сангӣ, ки ба асрҳои V-VI пеш аз милод тааллуқ дорад, мавҷуд мебошад.
-Дар ҳудуди ноҳия айни замон се иншооти соҳаи сайёҳӣ фаъолият намуда истодаанд, ки инҳо ҶДММ “Меҳмонхонаи “Шайдон” дар маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон бо 70 ҷой, табобатгоҳи “Аксикон” дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо 262 ҷой ва маркази сайёҳии истироҳатии “Рахшона” бо 20 ҷой мебошад.
-Дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ба ин иншоотҳо сайёҳӣ ҳамагӣ 2996 нафар сайёҳон ташриф оварданд, ва онҳо аз 20 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Нисбати ҳамин давраи соли 2019, ташрифи сайёҳон ба ноҳия 757 нафар кам шудааст. Гардиши умумии соҳаи сайёҳӣ дар давраи ҳисобии соли равон 3803,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 356,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
-Дар ноҳия ба санаи ҳисобӣ 13923 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати нишондиҳандаи аввали соли 2020 153 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии нафақахӯрон, 11429 нафар нафақаҳои меҳнатӣ, 409 нафар нафақаҳои бесаробонмонда, ва 2494 нафар гирандагони нафақаи иҷтимоӣ мебошанд.
-Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2020 аз тарафи раиси ноҳия 309 нафар шаҳрвандон бо муроҷиатҳои гуногун қабул карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 78 нафар кам мебошад. Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1960 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон дохил гардид, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 158 адад кам мебошад.
Аз рӯйи масъалаи дуюм “Дар бораи тасдиқ намудани буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2021 ва иҷрои он дар соли 2020” сардори Раёсати молияи ноҳия Ҳомидзода Зарифалӣ малумоти муфассал дод.
Аз рӯйи масъалаи сеюм «Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2009, №600 “Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар солҳои 2010-2020” дар ноҳияи Ашт муовини Раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса баромад намуд.
-Соли 2010 аз буҷети ноҳия барои соҳаи тандуpустӣ 3 млн. 999 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, дар соли 2020 – 20 млн. 820 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2010 – 5,2 маротиба зиёд мебошад.
-Дар ноҳия 61 муассисаҳои тиббӣ аз ҷумла, 1 Беморхонаи марказии ноҳия бо 310 кати табобатӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ бо 180 кати табобатӣ, 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 марказҳои саломатии деҳот, 35 бунгоҳҳои саломатӣ, 8 марказҳои иммунопрофилактика, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, солимии репродуктивӣ, ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, бемориҳои рӯҳӣ ва ёрии наркологӣ, пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва 1 муассисаи хусусӣ, 1 стансияи ёрии таъҷилӣ (7 нуқтаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ) барои аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонад.
-Шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустии ноҳия 1600 нафарро ташкил медиҳад. Аз 209 нафар табибон 86 нафар дорои дараҷаи олӣ, 27 нафар дараҷаи 1, 15 нафар дараҷаи 2 ва аз 937 нафар кормандони миёнаи тиб 270 нафар дорои дараҷаи олӣ, 182 нафар дараҷаи 2, 147 нафар дараҷаи 3 буда, инчунин, 274 нафар кормандони хурди тиб ва 180 нафар дигар кормандон кору фаъолият доранд. Зиёдшавии кормандон бо муқоиса нисбат ба соли 2010 табибон 35 нафар ё ин ки 83,2 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 229 нафар ё ин ки 74,4 фоиз мебошад.
-Бовуҷуди талошу кӯшишҳо дар муассисаҳои тиббии ноҳия норасогии 30 нафар мутахассисон (табибон) ба назар мерасид, ки аз ин шумора 12 нафар табибони оилавӣ, 2 нафар табиб-терапевт, 1 нафар табиб-рентгенолог, 1 нафар табиб-нарколог, 1 нафар табиб-неонатолог, 1 нафар табиб-силшинос, 2 нафар табиб-педиатр, 1 нафар табиби амрози занона, 2 нафар оморшинос, 1 нафар табиб-руҳшинос мебошад.
-Дар ин муддат баҳри ҳавасмандгардонии мутахассисони соҳаи тиб 11 нафар табибон ва 32 нафар кормандони миёнаи тиб бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хонаи истиқоматӣ таъмин гардида, корбарӣ дар ин самт мудом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони соҳа идома дорад.
Аз рӯйи масъалаи чорум «Тасдиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ашт барои солҳои 2021-2025” сухан муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед маърӯза намуд.
Муллоҷонова Дилафрӯз раиси комиссияи доимӣ, аз ҳавзаи «Маданият 3» аз рӯйи масъалаи панҷум “Ҳисоботи комиссияи доимии вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ” дар ноҳияи Ашт, баромад намуд.
Иштирокдорон аз рӯйи масъалаи шашуми рӯзнома “Ҳисосботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Қирқуддуқ” № 32 Мирзоматова Элмира оид ба иҷрои ваколати вакилиашро шуниданд.
Аз рӯйи масъалаи ҳафтуми рӯзнома “Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ” сухан ба муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ маърӯза намуд.
Тибқи масъалаи ҳаштум “Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида” қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Аз ҷониби Раиси ноҳия масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳо дастуру супориш гирифтанд.
Сипас дар иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуданд.
Дар охир Сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳокимҷон баромад намуд.
Бо ҳамин, баъди иҷроиши Суруди миллии ҶТ иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.
Дар охир се нафар иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» бо Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.