Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум

 667 боздид

Имрӯз, 24 сентябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти раёсати Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои МИҲД-и вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким, иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия аз 40 нафар вакил 36 нафар ширкат варзиданд. Дар иҷлосия ҳамзамон муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои МИҲД-и ноҳия, раисони ҷамоатҳо, сармуттахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муттахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муттахассисони соҳаи кишоварзӣ, сармуттахассис, муҳандис заминсоз, мутахассисони андоз, сардорони мизи бақайдгирии ҳарбӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳои мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, директорони мактабҳо ва сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Маҳмудзода Ҷамшед муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома оид ба ҳолати рафти таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017  №968, қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 феврали соли 2018, №51 ва қарори Раиси ноҳия аз 30 марти соли 2018, №172 “Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда зикр дошт, дар асоси қарори мазкур кумитаи тадорукот дар ҳайати 21 нафар таҳти роҳбарии Раиси ноҳия таъсис ва нақшаи чорабиниҳо иборат аз 13 боб ва 142 банд тасдиқ гардидааст. Баҳри иҷрои санадҳои дар боло қайдшуда, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масулин, шуъбаю бахшҳо, воҳидҳои сохторӣ корбарӣ карда шуда, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нақшаи чорабиниҳо ва кумитаи тадорукот тасдиқ намуданд.

-Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди 131  иншоотҳо, аз ҷумла коргоҳҳои саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаҳо, марказу хонаҳои саломатӣ, варзишгоҳу толори варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммомҳо, сохтмон ва таъмири иншоотҳои соҳаи фарҳанг, таъмири асосиву ҷории роҳҳо, сохтмони хати оби нӯшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, сохтмон, таъмиру тармими иншоотҳои гуногун аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст.

-Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия  бунёд, таъмир ва азнавсозии 8 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 3 адад коргоҳҳои дӯзандагӣ, сохтмону таъмири 18 адад мактабу синфхонаҳо,1 адад кӯдакистонҳо, 4 адад беморхонаҳо, 6 бунгоҳи тиббӣ,  1 маркази саломатӣ, 9 варзишгоҳу толори варзишӣ, 19 майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, 7 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳаммом, сохтмон, таъмиру тармими 5 иншоотҳои соҳаи фарҳанг ва зиёда аз 34 иншоотҳои гуногун амалӣ карда мешаванд.

Дар натиҷаи таҳлили нақшаи чорабиниҳои аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пешниҳод гардида, муайян карда шуд, ки дар радифи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон бунёд ва таъмиру азнавсозии 21 адад иншоотҳо ё ин ки 16,0% аз шумораи умумии иншоотҳо, дар ҷамоатҳои деҳоти  Ашт 23 адад иншоотҳо (17,6%), Ориён 20 адад иншоотҳо (15,3%), Шодоба 6 адад иншоотҳо (4,6%), Ифтихор 5 адад иншоотҳо (3,8%), Ошоба 12 адад иншоотҳо (9,2%), Пунук 11 адад иншоотҳо (8,4%), Понғоз 24 адад иншоотҳо (18,3%) ва Меҳробод 8 адад иншоотҳо (6,1%) ба нақша гирифта шудааст.

— Дар ин давра дар маркази ноҳия ду адад сехи дузандагӣ бо чил ҷойи корӣ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ба кор оғоз намуд. Коргоҳи коркарди сангҳои табиӣ дар назди ҶДММ “Хорои Хуҷанд” ба маблағи 1400,0 ҳазор сомонӣ бо ташкили 20 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Корҳои азнавсозӣ ва таъмири асосии коргоҳи истеҳсоли хишти хом ва пухта дар Ҷамоати деҳоти Шодоба ба маблағи 1250,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд ва кори истеҳсолӣ давом дорад. Бинои нави дидбонгоҳи сарҳадии Пунук ба маблағи 4750,0 ҳазор сомонӣ ба истифода супорида шуд.

Дар соҳаи маориф бинои нави Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ба маблағи 940,0 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия сохтмони 22 адад синфхонаҳои иловагӣ дар соли 2018 ба нақша гирифта шуда, сохтмони 17 синфхона ба итмом расида ба истифода супорида шуд.

Дар соли 2018 сохтмони  6 адад майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз як адад дар Ҷамоати деҳоти Ашт ба маблағи 32,0 ҳазор сомонӣ ва як адад дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод майдончаи варзишии футбол ба маблағи 240,0 ҳазор сомонӣ ва як адад дар маркази ноҳия ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ба истифода супорида шуд. Дар боқимонда майдончаҳои варзишӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Мумфаршкунии роҳҳои байни Ҷамоатҳо ва дохили деҳаю маркази Ҷамоатҳо дар шаш Ҷамоатҳо 11,8 км, васеъкунии роҳҳо ва таъмири ҷорӣ 15 км ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз 850 метр мумфаршкунӣ дар маркази ноҳия, 8 км васекунӣ ва 13,1 км мумфаршкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз (маҳаллаҳои Суҷҷа, Шахак, Муллоён, Устоён, Пушта ва Бурак ) дар масоҳати зиёда аз 52,0 ҳазор  метри мурабба ба маблағи 2520,0 ҳазор сомонӣ бо харидории 5600 тонна алфалт  ба анҷом расонида шуд. Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Понғоз 15 км роҳи асосӣ Шайдон-Понғоз бо асфалти гарм аз таъмир бароварда шуд. Таъмири асосии роҳҳои деҳаҳои ҷамоати деҳоти Понғоз ва Шайдон идома ёфта, дар деҳаи Бободархон зиёда аз 100 тонна аз ҷониби аҳолӣ ва дар ҷамоати шаҳраки Шайдон беш аз 70 тонна барои таъмири асосии кӯчаи Бинокорон аз ҷониби Алиматов А. кор оғоз карда шудааст. Мумфаршкунии роҳҳои маркази ҷамоатҳои Пунук, Ориён ва Ифтихор аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расида, то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ роҳҳои маркази ҷамоати Ошоба  ба итмом расонида мешавад.

Дар соҳаи тиб Маркази хусусии ташхису табобатӣ ва эндоҷарроҳӣ дар деҳаи Дустии Ҷамоати деҳоти Ашт ба маблағи 450,0 ҳазор сомонӣ ба истифода супорида шуд ва таъмири асосии шуъбаи ҷарроҳӣ дар ҳамин деҳа ба маблағи 105,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Хонаи саломатӣ дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

— Корҳои ободонию созандагӣ дар соли 2018 ба нақша гирифташуда ба мисоли ҷароғонкунӣ 80 фоиз, соҳилмустаҳкамкунӣ бо пуррагӣ ба анҷом расонида шуда,  сохтмони як купрук идома дорад ва таъмири асосии купруки деҳаи Бободархон ба маблағи 35,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Сохтмони гузаргоҳи селроҳаи Ҷамоати деҳоти Ориён ба маблағи 1800,0 ҳазор сомонӣ, хати оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба маблағи 5500,0 ҳазор сомонӣ идома дорад. Кофтани чоҳҳои амудӣ ба анҷом расида ба истифода супорида шудааст.

— Дар соли 2019 44 адад, соли 2020  15 адад ва дар соли 2021  26 адад сохтмон, азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва дигар корҳои бунёдкорию созандагӣ ба нақшаи чорабинии таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Асосан барои сохтмони ин номгуй иншоотҳо корҳои ҷудо намудани қитъаи замин, лоиҳакашӣ ва дар қисме аз иншоотҳои калон корҳои сохтмонӣ оғоз карда шудааст. Аз ҷониби масъулин барои тибқи нақша рафтани корҳои сохтмонӣ корбарӣ идома дорад ва дар маҷлисҳои машвартии назди Раиси ноҳия ва ҷаласаҳои корӣ бо иштироки гурӯҳҳои корӣ рафти омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва натиҷабардорӣ қарор дода шуда истодааст.

Баъдан ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон аз тарафи Имомов Абдурауф шунида шуд.

Сипас ширкаткунандагон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Даҳана №40, Муҳиддинзода Бурҳониддин Муҳиддин оид ба иҷрои ваколати вакилиашро шуниданд.

Вакилони халқи ноҳия дар охир як қатор қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.