Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум

 2 838 боздид

Имрӯз 16 апрели соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти раёсати Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори хадамоти Раёсати назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолӣ Абдулатиф Қодирӣ, иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия аз 40 нафар вакил 37 нафар ширкат варзиданд. Ба иҷлосия ҳамзамон муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои МИҲД-и ноҳия, раисони ҷамоатҳо, сармуттахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муттахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муттахассисони соҳаи кишоварзӣ, сармуттахассис, муҳандис заминсоз, мутахассисони андоз, сардорони мизи бақайдгирии ҳарбӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳои мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, директорони мактабҳо ва сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи якум дар бораи ҳолати рафти иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 феврали соли 2018 таҳти №40 ва Қарори Раиси ноҳияи Ашт аз 16 марти соли 2018, таҳти №152, дар бораи Барномаи вилоятии “Рушди ҳунарҳои мардумӣ” барои соли 2018, муовини Раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода маърӯза кард. Таъкид гардид, ки ҳадаф аз эълон гардидани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ин пеш аз ҳама, ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, чӣ дар хона, чӣ дар бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд намудани сатҳи зиндагӣ мебошад. Вобаста ба он дастур дода шудааст, ки аз оғози сол фурӯши чунин маводҳо аз пардохти ҳама намуди андозҳо озод карда шудаанд. Ин ҳавасмандӣ, бевосита ғамхории Сарвари давлат нисбати ҳунармандон мебошад.

Барои рушди соҳаи ҳунармандӣ дар ноҳия тамоми шароитҳо вуҷуд доранд. Сокинони ноҳия аз қадимулайём ба ҳунармандӣ машғул мебошанд. Дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон ҳунармандони ноҳия бо ҳунари оҳангарӣ машҳур мебошанд.

Эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, ин беҳтар гардонидани вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзиву шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.

Дар ноҳия 20 адад Маркази таълимии истеҳсолии атласу адрасфӣ ва 8 адад Маркази таълимии истеҳсолии қолинбофии дастӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 26 нафар устодон фаъолият намуда, ба 632 нафар шогирдон ҳунарҳои мардумиро омӯзонида истодаанд. Инчунин 6 адад марказҳои таълимии хонагӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Ориён, Ошоба, Шодоба ва Ашт фаъолият доранд, ки зиёда аз 501 нафар занони хонашин ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд. То имрӯз дар ин Марказҳо зиёда аз 49 адад дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ ва 25 адад дастгҳои қолинбофӣ насб карда шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 аз тарафи занони ҳунарманди ноҳия 1695 метр атласу адрас, дигар намуди матоъҳо, мисли беқасам 1910 метр истеҳсол шудааст, ки аз он 1565 метри он дастраси сокинон гардидааст.

Маҳмудзода Ҷамшед муовини Раиси ноҳия аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома оид ба рафти таъмини иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ашт барои солҳои 2016-2020» маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки дар натиҷаи гузаронидани мониторинги иҷроиши Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2016-2020, дар ҷамъбасти соли 2017 муайян карда шуд, ки аз аввали давраи татбиқи барнома дар ноҳия, дар доираи лоиҳаҳои пешбинишуда, ба маблағи умумии 65 млн. 664 ҳазор сомонӣ корҳо ба сомон расонида шуданд.

Дар давраи ҳисобӣ  дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия аз ҳисоби барномаи ноҳиявӣ, 16 адад лоиҳаҳо ба маблағи 61,1 млн.сомонӣ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат 4 лоиҳа ба маблағи 15,4 млн. сомонӣ; дар соҳаи соҳибкории хурду миёна 3 лоиҳа ба маблағи 2,0 млн. сомонӣ; дар соҳаи маориф 1 лоиҳа ба маблағи 7,5 млн.сомонӣ; дар соҳаи тандурустӣ 1 лоиҳа ба маблағи 26,0 ҳазор сомонӣ; дар соҳаи фарҳанг 2 лоиҳа ба маблағи 28,8 млн. сомонӣ; дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ 2 лоиҳа ба маблағи 0,8 млн.сомонӣ; дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия 3 лоиҳа ба маблағи 6,6 млн.сомонӣ амалӣ карда шудаанд.

Мувофиқи ҳисоботҳои сохторҳои мутасаддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҷамъбасти сол инчунин татбиқи 13 адад лоиҳаҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди амал қарор доранд, ки маблағи азхудшудаи онҳо ба санаи ҳисобӣ 4,6 млн.сомониро ташкил менамояд. Аз ҷумла, дар соҳаи соҳибкории хурду миёна 1 лоиҳа ба маблағи 113,0 ҳазор сомонӣ; дар соҳаи кишоварзӣ 2 лоиҳа ба маблағи 1,9 млн.сомонӣ; дар соҳаи тандурустӣ 2 лоиҳа ба маблағи 184,6 ҳазор сомонӣ; дар соҳаи маориф 5 лоиҳа ба маблағи 0,6 млн.сомонӣ; дар соҳаи фарҳанг ва варзиш 2 лоиҳа ба маблағи 134,7 ҳазор сомонӣ ва дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 1 лоиҳа ба маблағи 1,6 млн.сомонӣ иҷро карда шуда, татбиқи онҳо дар мавриди амал қарор дорад.

Дар давраи сипаришуда, барои маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои барномавӣ манбаҳои мухталифи маблағгузорӣ истифода карда шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ – 6,1 млн.сомонӣ; аз ҳисоби буҷети вилоятӣ – 38,1 млн. сомонӣ; аз ҳисоби буҷети ноҳиявӣ – 1,1 млн.сомонӣ ва аз ҳисоби сохторҳо, соҳибкорон ва аҳолии ноҳия – 20,3 млн.сомонӣ маблағ барои амалишавии лоиҳаҳои пешбинишуда равона карда шудааст.

Аз рӯйи масъалаи чоруми рӯзнома маърӯзаи Насриддинов Машраб оид ба ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ислоҳоти иҷтисодиёт ва буҷет истифодаи инвестерҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ шунида шуд.

Аз рӯйи масъалаи панҷуми рӯзнома ширкаткунандагон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Даҳана №5 , Мамадиев Зайниддин  оид ба иҷрои ваколати вакилиашро шуниданд.

Вакилони халқи ноҳия дар охир як қатор қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *