ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АШТ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ШУД

 625 боздид

Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо иҷлосияи якуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, даъвати шашум баргузор шуд.

Баъди тариқи зинда сароидани Суруди миллӣ, интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома иҷлосия ба кори худ оғоз намуд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзнома “Тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум” раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба  интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт  Т.Ашӯров баромад намуд.

Қайд карда шуд, барои дар сатҳи баланд доир намудани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки санаи 1 марти соли равон доир гардид, ҳамаи омодагиҳо дида шуда буданд. Дар ноҳия оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 40 ҳавзаҳои ҳудудии интихоботӣ ва 56 участкаҳои интихоботӣ таъсис дода шуданд. Аз ҳизбҳои сиёсӣ 148 нафар номзадии худро пешниҳод намуданд, ки аз ин миқдор 36 нафар номзадиашонро бозпас хонданд. Протоколҳои натиҷаи овоздиҳӣ санҷида шудаву интихобот баргузоршуда ҳисобида шуд. Дар интихобот ҲХДТ бо гирифтани овози зиёд пирӯз гардид. Маърӯзакунанда ҳайати сифатии  вакилони интихобгардидаро иборат аз 40 нафар (14 нафар занҳо ва 26 нафар мардҳо) бозгӯ намуд. Иҷлосия ваколати 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро, ки рӯзи 1 марти соли 2020 интихоб шудаанд, эътироф намуд. Вакилона тозаинтихоб савганд ёд намуданд.

Мутобиқи масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзнома иҷлосия дастур ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро тасдиқ кард.

Аз рӯйи масъалаи навбатии иҷлосия “Дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт ва интихоби ҳайати онҳо”  комиссияҳои доимии зерини Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ташкил карда шуданд:

—оид ба қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ;

—оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодиёт ва буҷет, истифодаи инвесторҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ;

—оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ;

—оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон;

—оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ.

Тибқи масъалаи панҷуми рӯзнома иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуд.

Масъалаи шашуми рӯзномаи иҷлосия чунин буд: “Пешбарии номзад ба аъзогии  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2”.

Пешниҳод карда шуд, ба аъзогии  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2 номзадии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  пешбарӣ карда шавад.

Барои доир намудани овоздиҳии пинҳонӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2 комиссияи ҳисобӣ иборат аз 5 нафар таъсис дода шуд. Баъди раъй додани вакилон иттилоъ дода шуд, ки ба тарафдории номзади пешниҳодшуда ҳамаи 40 нафар вакилон овоз доданд.

Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, даъвати шашум қарор кард, ки номзадии Раҷаббой Аҳмадзода, соли таваллуд 1971, миллат тоҷик, сокини шаҳри Хуҷанд, маълумот олӣ, соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, аз соли 2018 дар мансаби Раиси вилояти Суғд кор мекунад, ба аъзогии  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2” пешбарӣ карда шавад.

Дар иҷлосия намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳ. иштирок ва суханронӣ кард.

Бо ҳамин баъди садо додани Суруди миллӣ иҷлосия кори худро анҷом бахшид.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.