Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, даъвати панҷум

 154 боздид

Имрӯз 28 сентябри соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки роҳбарияти МИҲД ноҳия иҷлосияи 11-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия аз 40 нафар вакил 37 нафар ширкат варзиданд. Ба иҷлосия ҳамзамон муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои МИҲД-и ноҳия, раисони ҷамоатҳо, сармуттахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муттахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муттахассисони соҳаи кишоварзӣ, сармуттахассис, муҳандис заминсоз, мутахассисони андоз, сардорони мизи бақайдгирии ҳарбӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳои мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони хоҷагиҳо, директорони мактабҳо ва сардухтурони беморхнаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи якум “Оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода маърӯза кард. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии қабул гардидани қонуни мазкур пеш аз ҳама беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии сокинони кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои шаҳрвандон мебошад. Дар тӯли 10 соли амали қонун мардуми кишвар сабукии зиёдеро дар баргузор намудани маросимҳо эҳсос намуда, дар натиҷаи сарфакорӣ имкон ёфт, ки мушкилоти дигари хешро аз қабили бунёди манзилҳои наву замонавӣ, таҳсили фарзандон ва истироҳату табобат ҳаллу фасл намояд. Баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам кардани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз коҳиш дода шуд. Дар даҳсолаи амалӣ гардидани қонун  дар ноҳия беш аз 16 ҳазор тӯю маросимҳо баргузор  гардиданд ва ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна 64 миллион сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умуӣ аз ҳамаи намуди маъракаҳву маросимҳо (дар соли 2017) беш аз 3 миллиону 809 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад. Дар ноҳия (дар худи соли 2017) қариб 1013 сар чорвои хурду калон ба фоидаи аҳолӣ нигоҳ дошта шуда, таъминот бо маҳсулоти гӯштиву ширӣ беҳтар гардид. Аз соли 2009 инҷониб маъракаҳои хайриявии зиёда аз 217 нафар тифлон ва тӯйи хонадоршавии беш аз 71 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои камбизоат барпо карда шуданд. Дар солҳои охир (2014-2017) дар ноҳия 54 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, ба 54 нафар санадҳо пешниҳод гардида аз ҳамаи онҳо ҷарима ситонида шудааст. Маблағи умумии ҷарима 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қонуни мазкур ба кам гардидани маъракаҳои беҳуда боис шуда, бар замми ин хароҷоти маъракаҳо низ аз ҷиҳати молиявӣ ва забҳи чорво кам ва теъдоди ақди никоҳ ба маротиб афзудааст. Тағйироту иловаҳои воридгардида ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар оғози моҳи равон минбаъд масъулияти ҳар нафарро дар риояи талаботи он бештар мегардонад. Тағйироти нав аз ҷумла ба маъракаи хатнасур дахл дорад, ки минбаъд танҳо дар доираи оила ва бе ширкати санъаткорону забҳи чорво доир карда мешавад. Маросимҳои дафну азо ҳам акнун бе додани таом ва забҳи чорво гузаронида шуда, маъракаи хоҷизиёрат манъ карда шудааст.

Дар иҷлосия ҳамзамон муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ оид ба иваз намудани номи деҳаи Қирққудуқи ҷамоати деҳоти Ифтихор ба номи деҳаи Офаринкантдар мувофиқа бо Кумитаи забон ва истилоҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи худро пешниҳод намуд: “Комиссияи номгузории ноҳия аз Маҷлиси вакилони халқи ноҳия хоҳиш менамояд, ки қарори Маҷлиси ҷамоати деҳоти Ифтихорро аз 26 сентябри соли 2017 №84, дар бораи тағир додани номи деҳаи Қирққудуқ ба номи деҳаи Офаринкант дастгирӣ карда, барои тасдиқ ба мақомоти болоӣ пешниҳод намоянд. Пешниҳод менамоем, ки қарори Маҷлиси вакилони халқии ноҳия аз 28 декбри соли 2016 №79 дар бораи тағир додани номи деҳаи Қирққудуқ ба номи Чилчашма бекор карда шавад”.

Вакилони халқи ноҳия дар охир як қатор қарори раиси ноҳияро оид ба тағйироти кадрӣ тасдиқ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *