ИҶРОИ НУКТАҲОИ ҚОНУН БАРОИ ҲАМА ҲАТМИСТ

 667 боздид

Ба ҳамагон маълум аст ки санаи 4 июли соли равон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қонунҳои ҶТ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Тибқи он барои гаштугузор бидуни ниқоб, паҳн намудани маълумоти нодуруст дар бораи бемории сироятии КОВИД-19 ҷавобгарии маъмурӣ ва барои қасдан сироят намудани атрофиён бо ин беморӣ ҷазои ҷиноӣ рӯйи кор омадааст.
Ҷиҳати фаҳмонидани тағйироти воридгардида дар толори калони МИҲД-и ноҳия вохӯрии мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳмонов Набиҷон бо фаъолон ва намояндагони соҳаҳои гуногуни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор шуд.
Қайд карда шуд, барои бидуни ниқоби тиббӣ гаштугузор намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ (на кам аз ду метр), вайронкунандаи тартибот ба маблағи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 116 то 290 сомонӣ ва ё 11-28 доллари ИМА), барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ва нодуруст дар бораи пандемия бо воситаи ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ, ба шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (580-1160 сомонӣ ё 57-113 доллар), барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (8.7 ҳазор—11,6 ҳ.сомонӣ ё 850-1130 доллар) ҷарима пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин барои қасдан паҳн кардани бемории сироятӣ дар моддаи 207 Кодекси ҷиноятӣ (“Вайрон кардани меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва зидди эпидемӣ”) ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ бо муҳлати аз ду то панҷ сол, дар сурати такроран содир намудани ҷиноят ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ шудааст.
Мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳмонов Набиҷон ҳадафи ворид намудани тағйироту иловаҳоро пешгирии мавҷи дуюми коронавирус, ҳушдор додани як зумра ашхос, ки бо мақсадҳои мухталиф ва расонаӣ намудани маводҳои нодуруст мардумро ба воҳима меандозанд, арзёбӣ намуд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ин иқдом бепарвоӣ ва бемасъулиятиро аз байн мебарад ва ҳар нафар эҳсос мекунад, ки баробари саломатии худ ба солимии аҳли ҷомеа, атрофиён масъул аст.
Дар машварат ҳамчунин муовини прокурори ноҳияи Ашт Абдуқаюм Қаюмов ва муовини сардори Нозироати андози ноҳия Иброҳим Муродов баромад карданд.
Дар анҷом муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ барои аҳли нишаст вазъи эпидемиологии ноҳияро бозгӯ намуд ва талаб кард, ҳамагон аз як гиребон сар бароварда, ҷиҳати пешгирии ин вабои аср, риояи қонунҳои тавсиянамудаи соҳаи тандурустӣ ва бад ин васила бо сабру таҳаммул паси сар намудани ин бемории нохонда мубориза барем. Ӯ аз бепарвоӣ ва бемасъулиятии баъзе аз шаҳрвандон дар самти риоя накардани қоидаҳои беҳдошт, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни ниқоб гаштугузор намудан изҳори нигаронӣ кард.
—Иҷрои қоидаву тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва ҳамчунин риоя кардани тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда вазифаи ҳар яки мост,—гуфт Аниса Ҷалилӣ.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.