ИМКОНИЯТИ НАВИ САРМОЯГУЗОРӢ

 542 боздид

Санаи 3 феврали соли равон дар толори “Чойхонаи миллӣ”-и маркази ноҳия дар мавзӯи “Рушди истеҳсолоти маҳаллӣ—имконияти нави сармоягузорӣ” мизи мудаввар баргузор шуд. Дар он роҳбарияти МИҲД-и ноҳия, соҳибкорон ва намояндагони Ширкати шарики рушд аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд.

Дар чорабинӣ лойиҳаи ташкили коргоҳи истеҳсоли нитрати калтсий дар ноҳияи Ашт тариқи васеъ муҳокима карда шуд. Иштирокчиён ҷиҳати пиёда намудани нуктаҳои лойиҳаи мазкур баромади ташкилкунандаи лойиҳа—М.Муминов, намояндаи Ширкати байналмилалии сармоягузории “Тоҷ сармоя”—Н.Каримов ва намояндагони Ширкати шарики рушд аз Ҷумҳурии Ӯзбекистонро шуниданд. Баромадкунандагон ҷиҳати ташкили коргоҳи истеҳсоли нитрати калтсий, имконияту иқтидорҳои истеҳсолӣ ва самаранокии истеҳсолот андешаҳояшонро бозгӯ намуданд.

Соҳибкорон дар самти тарҳрезии нақшаҳои амал, истифода аз иқтидорҳои мавҷуда ва чанд масоили марбут ба мавзуи мизи мудаввар сухан карданд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо изҳори эътимод намуд, ки ин иқдом амалӣ мегардад ва барои рушди минбаъдаи саноат дар ноҳия мусоидат менамояд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.