Китоб беҳтарин ва беминнаттарин дӯсти инсон, маҳбубу дардошно дар ҳама лаҳзаҳои умр ва ҷавобгӯ ба кулли мушкилоту суолҳои мост.
Боиси хушнудист, ки соли гузашта бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 феврали соли 2020, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерўи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида буд. Ва ин иқдом имсол низ ҷараён дорад.
Ҷиҳати пайравӣ ба ин иқдоми арзандаи роҳбарияти олии кишвар дар бинои МИҲД-и ноҳияи Ашт бо ташаббуси роҳбарият ва аҳли кормандони мақомот китобхона таъсис ёфт.
Тибқи иттилои муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ аллакай наздики 600 адад китобҳои гуногунмуҳтаво ҷамъоварӣ карда шуд ва хонандагон имкон доранд, аз адабиёти ҷаҳонӣ, бадеӣ, сиёсӣ, дастурдиҳанда ва ҳамчунин китобҳои аҳли қалами ноҳия бархӯрдор гарданд.
Дар ин иқдоми наҷиб хизмати аҳли кормандони МИҲД-и ноҳия, маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” ва ҳамчунин китобхонаи марказии ноҳия калон аст.
Эътимод дорем, шаҳрвандони фарҳангдӯсти ноҳия ин иқдоми наҷибро дастгирӣ хоҳанд кард.
Т.МИСРОБӢ