Иқдоми неки аъзои “Сомониён”

 1 920 боздид

Имрӯз, 30 март дар ҷамоати деҳоти Ошоба бо иштироки раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо пойгоҳи обкашӣ, ки солҳои зиёд аз фаъолият боз монда буд, ба кор оғоз кард.

Зариф Мирдадо ба иқдоми неки аъзои хоҷагии деҳқонии “Сомониён”, ки дастгоҳҳои обкашии солҳои зиёд корношоямро барқарор карда, беш аз 100 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро обёрӣ намуданд, миннатдорӣ баён кард.

-Ман бовар дорам, ки деҳқонони асилу пуртаҷрибаи ҷамоат мисли пештара истифодаи обу заминро хуб ба роҳ монда, барои рӯёнидани ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ саҳмгузор мегарданд,-афзуд З. Мирдадо

Сипас раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо  бо пахш намудани тугмаи пойгоҳи обкашӣ ба фаъолияти он оғоз бахшид.

Дастгоҳҳои обкашии ин пойгоҳ бо харҷи зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ барқарор гардидааст. Пойгоҳ  дорои се дастгоҳи нави обкашӣ буда, ҳар яке ба андозаи то 350 литр дар як сония оби полезиро таъмин менамояд.

Соли ҷорӣ дар ин заминҳо сабзавот, аз қабили пиёз, картошка, мош, лӯбиё, нахӯд ва хӯроки чорво кишт карда мешавад. Дар солҳои минбаъда дар заминҳои мазкур бунёди токзор ва хуч дар назар аст.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.