Маҳмуталӣ Бобоев, сокини Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, имрӯз 15 феврал ба синни 100-солагӣ расид.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар намояндагони расмӣ ба аёдати Маҳмуталӣ Бобоев рафта, аз вазъи саломатӣ ва зисту зиндагонии ӯ воқиф гардиданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро дарси мардонагӣ хонда, ба Маҳмуталӣ Бобоев саломатӣ ва умри дарозу саодати зиндагӣ таманно намуд.
Маҳмуталӣ Бобоев 15 феврали соли 1918 ба дунё омадааст. Ӯ соҳиби 7 фарзанд ва 150 набераву абера мебошад.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зимни аёдат ба Маҳмуталӣ Бобоев Сипосномаи и.в Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод, МИҲД-и ноҳия ва туҳфаи хотиравии МИҲД-и ноҳияи Аштро тақдим намуд.