ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ АЁДАТ КАРДА ШУДАНД

 76 боздид

Дар ҷараёни сафар ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳия Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо ҳамроҳонаш яке аз иштирокчиёни ҶБВ аз ҷамоати деҳоти Ашт Бобокалонов Содирҷони 95-соларо аёдат намуд.

Аҳли хонадон аз ташрифи сарвари ноҳия хеле мамнун шудаву сари дастархони неъмат суҳбати гарму самимӣ бо ин марди барнодил ҷараён гирифт. Содирҷон Бобокалонов аз фаъолияти меҳнатиаш баъди баргаштан аз майдони ҷанг, зинаҳои тайнамудаи зиндагиаш нақлҳои пурмазмун намуд.  Бохабар буданаш аз ҳодисаҳои имрӯзи кишвар аҳли нишастро  ба ҳайрат овард.

—Ман пайваста хабарҳои Тоҷикистонро гӯш мекунам ва ҳам тамошо,—гуфт пири барнодил. –Аз имрӯзи тинҷу ором шукргузор будан, аммо дар баробари ин аз даст надодани зиракии сиёсӣ барои ҳар нафар зарур аст. Барои расидан ба ин рӯзҳо мо ҳама огаҳем, ки чӣ қадар ҷонҳо қурбон шуданду чӣ азобҳо пушти сар. Аз ин лиҳоз, аз як гиребон сар бароварда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намудан ва бидуни хокпошӣ ба чашми давлат кору зиндагӣ кардан—ҳамин аст вазифаи насли наврас.

Баъдан Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ба дидорбинии  иштирокчии дигари ҶБВ аз ҷамоати деҳоти Ашт Эргашбой Усмонови 97-сола омад.

Аҳли хонадон арзи сипоси худро ба роҳбарияти МИҲД-и ноҳия расониданд.

Раиси ноҳияи ба ҳардуи аёдатшавандагон кӯмаки яквақтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

Дастҳо ба дуо бардошта шуданд: “Бигузор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша тинҷу ором, дастархони мардум пурнозу неъмат, сарвари хирадпеша саломату бардам бошанд! Ба оромию суботи Тоҷикистон халале ворид нагардад!

T.МИСРОБИ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.