Чӣ тавре иттилоъ дода будем, дар заминҳои пахтазори ноҳия маъракаи ҷамъоварии пахта бо таври муташакилона ҷараён дошта, барои беталаф ва дар мӯҳлатҳои оптималӣ то пағаи охирин ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо заҳмат руёнидаи марди меҳнат тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Дар доираи ин тадбирҳои амалӣ маврид ба зикр аст, ки соҳаи пахтакорӣ бо талаботҳои пешбининамудаи қоидаҳои агротехникӣ, ба амсоли омода намудани замин, кишти пунбадона, нигоҳубину парвариш, обмониву озуқадиҳӣ, ягонакуниву сарчинкунӣ, ҷамъоварӣ ва ғайра хусусияти хоси худро доро аст. Дар ин сиклҳои оғозу интиҳо, яъне кишту ҷамъоварӣ, раванди ҷамъоварии пахта ҷалби истифодаи оммавияти қувваҳои кориро талабу тақозо дорад. Маҳз, саривақт ҷамъоварии ҳосил аз ҳар ҷиҳат самараи истеҳсолиро боло мебардорад ва бо гузаронидани дигари корҳои агротехникӣ замин барои соли оянда омода карда мешавад.
Ба ин хотир, рӯз аз рӯз шумораи чинакчиёну ҳашарчиён ва чиниши ҳаррӯза дар заминҳои пахтазори хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ноҳия рӯ ба вусъату зиёд гашта, заҳматкашони ноҳия азм доранд бо истифода аз обу ҳавои мусоид пахтаро ҷамъоварӣ намуда, аз иҷрои нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят яке аз аввалинҳо шуда аз музаффарияти худ мужда диҳанд.
Дар ин кори аҳлонаву сарҷамъона саҳми назарраси кӯҳансолону собиқадорони меҳнати ноҳия махсус қайд карда мешавад. Имрӯз, яъне санаи 23-уми сентябр онҳо азм намуданд, ки бо ҳашари дастаҷамъона ва иштироки зиёда аз 50-нафар дар ҷамъоварии ҳосили пахтаи хоҷагии деҳқонии “Кибриё”, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва “Рамз”, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ашт ҳиссаи хоксоронаи худро ба хирмани пурбаракати ноҳия гузоранд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода аснои боздид аз рафти корҳои саҳроӣ дар заминҳои пахтазори ноҳия ба майдони чиниши онҳо ташриф оварда, бо онҳо дар ин ҳашари дастаҷамъона ҳамдастӣ намуданд.
Бо онҳо бо эҳтироми хоса сӯҳбати самимӣ ороста, ба кору пайкор, иҷрои рисолати инсонӣ, масъулият дар назди ҷомеа ва хизматҳои созгорашон изҳори миннатдорӣ намуда, намунаи ибрат ба насли наврас ва ҷавонон донистанд. Пирони кордида ҳамвора ба эътибору таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои моддӣ – маънавии роҳбарияти ноҳия сипоси худро баён намуданд.
Баъдан, Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар майдони чиниши соҳибхоназанҳо, занону бонувон аз рафти ҷамъоварӣ ва ҳолату шароити таъмини кору меҳнат аз онҳо шиносоӣ пайдо намуда, барои иштироки фаъолонаашон миннатдорӣ карданд.
Дар ин асно, масъулони соҳавӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои пахтакорро ҷиҳати таъмини шароитҳои боз ҳам хубтару беҳтари моддӣ – маишии чинакчиёну ҳашарчиён ва ҳамзамон ҷиҳати ҷалби иловагии қувваҳои меҳнатӣ ба майдони пахтазор вазифагузорӣ ва дастурҳо доданд.
Хотиррасон менамоем, ки кишоварзони ноҳияи Ашт дар мавсими имсолаи соли ҷорӣ дар майдони 6292 гектар кишти пунбадона гузаронида, дар таъмини иҷрои нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта ба қадри 13 ҳазору 851 тонна ҳосил сарҷамъона бо иштироки фаъолонаи саҳмдорону аъзоёни хоҷагиҳои пахтакори хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, бригадаҳои зарбдор аз ҳисобу занону бонувон, ҷавонону собиқадорон кӯшишу ғайрат доранд.
Ба ҳолати то санаи 23-уми сентябр пахтакорони ноҳия 3 ҳазору 690,7 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки иҷрои дурнаморо ба 26,6 фоиз таъмин намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 215,7 тонна зиёд мебошад.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ